,
Шанбе, 24-октябр
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади такмили малакаи касбии омӯзгорон ва баланд бардоштани сифати таълим ба баргузории дарсҳои намунавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Дар ин замина, дар факултети молиявию иқтисодии донишгоҳ аз ҷониби номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калони кафедраи молия ва қарз Ҳаёзода Қиёмуддин дар гурӯҳҳои таълимии 305–306-и ихтисоси «Кори бонкӣ» дарси намунавӣ дар мавзуи «Хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ» бо иштироки ҳайати омӯзгорон баргузор гардид.
Зимни машғулият омӯзгор оид ба моҳият ва аҳамияти хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ, аз ҷумла бонкдории интернетӣ, хизматрасониҳои мобилӣ, пардохтҳои электронӣ ва нақши технологияҳои рақамӣ дар низоми муосири бонкӣ маълумот пешниҳод намуд. Ҳамзамон, бартариҳои истифодаи хизматрасониҳои фосилавӣ, роҳҳои осон намудани амалиёти молиявӣ ва риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми анҷом додани амалиёти бонкӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар раванди дарс донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, доир ба имкониятҳои хизматрасониҳои рақамии бонкӣ, бартариҳои онҳо ва роҳҳои ҳифзи маълумоти шахсӣ ҳангоми истифодаи воситаҳои электронии пардохт мубодилаи афкор намуданд.
Баргузории чунин дарсҳои намунавӣ барои такмили маҳорати касбии омӯзгорон, татбиқи усулҳои муосири таълим ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир дар соҳаи молия ва фаъолияти бонкӣ мусоидат менамояд.