, Шанбе, 24-октябр

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ


БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

21 октябри соли 2026 дар факултети физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи методикаи таълими информатика семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Асосҳои таълими фосилавии донишҷӯён дар низоми таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар кори семинар мудири кафедра, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Дар семинар Ашурова Саодат, муаллими калони кафедра, дар мавзуи «Хусусиятҳои таълими фосилавӣ ва ҷанбаҳои мусбии он дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» ва Муродализода Раҳмоналӣ, номзади илмҳои педагогӣ, мудири кафедра, дар мавзуи «Мафҳум, моҳият ва хусусиятҳои идоракунии сифати таҳсилоти олии касбӣ дар шароити рақамикунонӣ» маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод намуданд. Зимни маърӯзаҳо масъалаҳои рушди таълими фосилавӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва такмили усулҳои идоракунии раванди таълим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.




Ба рӯйхат