, Чоршанбе, 21-октябр

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ


БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ

Санаи 19-уми октябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи навбатии Раёсати донишгоҳ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳими фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва ташкилии донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҷаласа таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафарзода Мунир Ватан ва бо иштироки аъзои раёсат доир гардид.

Дар оғоз масъалаи «Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” аз 23.07.2016, №1339 ва ҳолати иҷрои мактубҳои воридитӣ аз моҳи январ то сентябри соли 2026» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Доир ба масъалаи мазкур ҳуқуқшиноси муассиса Назаров Бахтиёр гузориш пешниҳод намуда, вазъи иҷрои талаботи қонунгузорӣ ва баррасии саривақтии муроҷиату мактубҳои воридотиро шарҳ дод.

Сипас, масъалаи «Ҳолати инфрасохтори таълимӣ, лабораторияҳо, китобхона ва дигар иншооти донишгоҳ» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Роҳбари гурӯҳи корӣ, муовини ректор оид ба идора ва хоҷагӣ, дотсент Мухторзода Мумин оид ба вазъи иншооти таълимӣ ва хоҷагӣ, шароити мавҷуда ва зарурати беҳтар намудани инфрасохтори донишгоҳ гузориш дод.

Ҳамзамон, масъалаи «Ҳолати кӯдакистони “Ситора”-и назди донишгоҳ: ҳолат ва дурнамо» баррасӣ шуда, роҳбари гурӯҳи корӣ Файззода Бахтовар оид ба вазъи кунунии муассиса ва самтҳои минбаъдаи рушди фаъолияти он маълумот пешниҳод намуд.

Дар бахши масъалаҳои ҷорӣ аъзои раёсат вобаста ба самтҳои фаъолияти худ баромад намуда, оид ба раванди корҳои таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва ташкилии донишгоҳ маълумот пешниҳод карданд.

Дар фарҷоми ҷаласа роҳбарияти донишгоҳ ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тақвияти корҳои тарбиявӣ ва иҷрои саривақтии вазифаҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Таъкид гардид, ки баланд бардоштани масъулиятшиносӣ ва татбиқи босамари нақшаҳои корӣ аз вазифаҳои муҳими ҳар як корманди донишгоҳ ба ҳисоб меравад.




Ба рӯйхат