, Чоршанбе, 21-октябр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ENGLISH IS AN INTERNATIONAL LANGUAGE”


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ENGLISH IS AN INTERNATIONAL LANGUAGE”

19-уми октябри соли ҷорӣ дар факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “English is an international language”-и назди кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ бо иштироки садорати факултет, ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни факултет баргузор гардид.

Нахуст роҳбари маҳфил Моҳшарифи Ёқубӣ доир ба рафти маҳфил ва пешбурди он баромад намуданд.

Сипас, донишҷӯёни курси чоруми факултет Назарова Ойиша дар мавзуи “Method of foreigh language teaching” ва Салимов Худобахш дар мавзуи “Learning English language step by step” маърӯзаи худро ироа намуданд.

Қайд гардид, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар замони муосир ба яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи маорифи кишвар табдил ёфта, дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати кишвар пайваста тадбирҳои муҳим андешида шуда истодааст.




Ба рӯйхат