, Сешанбе, 10-декабр

ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ ТИБҚИ КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ ТАҲСИЛКУНАНДА

 02.05.2023 216

ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ ТИБҚИ КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ ТАҲСИЛКУНАНДА

Санаи 02.05.2023 дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии бо донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур Ҳусайнзода Аминҷон, декани факултет, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, Каримзода Исроил, ҷонишини декан оид ба тарбия ширкат варзиданд.

Мақсад аз баргузории вохӯрӣ огоҳ шудан аз шарту шароити зисти донишҷӯён дар хобгоҳ, ҷалби донишҷӯёни ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман” ва “Илм-фурӯғи маърифат”, иштирок дар маҳфилҳо, олимпиадаҳо, озмунҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм буд. Декани факултет қайд намуданд, ки дар ҳама ҳолат бо шумо ҳамкорӣ мекунем ва дар мушкилиатон расидагӣ менамоем.

Вохӯрӣ дар муҳити озод гузаронида шуд ва донишҷӯён савол пешниҳод намуда, ба саволҳои худ посух гирифтанд.




Ба рӯйхат