,
Чоршанбе, 21-октябр
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявии кафедраи адабиёти тоҷик дар мавзуи «Андешаҳои дунявӣ дар осори Садриддин Айнӣ» аз ҷониби доктори илмҳои филологӣ, профессор Аламхон Кӯчарзода бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.
Зимни семинар профессор Аламхон Кӯчарзода оид ба ҷойгоҳи андешаҳои дунявӣ дар осори устод Садриддин Айнӣ, нақши маорифу маърифат дар ҷомеа ва муборизаи нависанда бар зидди ҷаҳолату хурофот андешаронӣ намуд.
Дар идомаи семинар миёни иштирокдорон доир ба паҳлуҳои гуногуни мавзуъ мубодилаи афкор сурат гирифта, донишҷӯён ва омӯзгорон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд. Таъкид гардид, ки баргузории чунин семинарҳои илмӣ барои густариши донишҳои адабиётшиносӣ, таҳкими завқи китобхонӣ ва ҷалби ҷавонон ба таҳқиқи мероси адабии ниёгон аҳамияти назаррас дорад.