,
Шанбе, 17-октябр
Таърихи 16 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи таъминоти барномавӣ ва WEB-дизайни факултети физика, математика ва информатика ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Зеҳни сунъӣ ва таъсири он ба ҳаёти имрӯзаи он” баргузор шуд.
Кори ҳамоишро сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Саидова Нилуфар оғоз намуда, аҳаммияти омӯзишу истифодаи самараноки технологияҳои муосир ва зеҳни сунъиро дар рушди илм, маориф ва соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа таъкид кард.
Сипас, Аюбзода Сафар – дотсент, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ дар мавзуи “Ташаккули заминаи миллӣ ва ташаббусҳои минтақавӣ дар самти технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон”, Фурқати Сикандарӣ – дотсенти кафедраи мазкур дар мавзуи “Зеҳни сунъӣ ва нақши он дар ҷомеаи муосир” ва Иброҳими Юсуф – ассистенти кафедра дар мавзуи “Ояндаро кӣ идора мекунад: одам ё зеҳни сунъӣ?” маърӯза ироа намуданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки зеҳни сунъӣ ҳамчун дастоварди муҳими технологӣ имкониятҳои навро дар соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, иқтисодиёт ва идоракунӣ фароҳам оварда, ҳамзамон истифодаи масъулона, риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва ҳифзи амнияти иттилоотиро тақозо менамояд.
Дар қисмати музокирот декани факултет, дотсент Самариддинова Зайнаб ва мудири кафедраи таъминоти барномавӣ, WEB-дизайн, номзади илмҳои педагогӣ Шоҳсанами Ризо ва номзади илмҳои педагогӣ Муродализода Раҳмоналӣ доир ба аҳамияти таҳқиқи технологияҳои муосир, истифодаи оқилонаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир ибрози назар намуданд.
Дар фарҷом иштирокдорон доир ба мавзуи ҳамоиш мубодилаи афкор намуда, нақши зеҳни сунъиро дар пешрафти ҷомеа ва зарурати истифодаи босаводонаю масъулонаи онро мавриди баррасӣ қарор доданд.