,
Шанбе, 17-октябр
Санаи 16.10.2026 дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии "Муҳосибони касбӣ"-и назди кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит бо иштироки роҳбари маҳфил ва аъзоён баргузор гардид.
Нахуст роҳбари маҳфил Хидиров Фарҳод суханронӣ карда, баргузории маҳфилҳои илмиро ҳамчун яке аз омилҳои муҳими тақвиятдиҳандаи дониши донишҷӯён баён доштанд.
Сипас, тибқи нақшаи кории маҳфил маърӯзаи донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси аудит ва ревизия Амирҷони Фаёз дар мавзуи “Баъзе сарчашмаҳои асосии маблағгузории корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ дар шароити муосир” шунида шуд.
Зимни баромади хеш маърӯзакунанда оид ба сарчашмаҳои асосии маблағгузории корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла маблағҳои худӣ, қарзҳои бонкӣ, сармоягузорӣ ва дигар воситаҳои молиявӣ маълумот пешниҳод намуд. Ҳамзамон, аҳамияти истифодаи самараноки захираҳои молиявӣ, идоракунии дурусти хароҷот ва ҷалби сармояро дар таъмини фаъолияти устувор ва рушди корхонаҳои нақлиётӣ мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар қисмати хотимавии маҳфил байни иштирокдорон саволу ҷавоб сурат гирифта, масъалаи баррасишуда мавриди муҳокима қарор гирифт.