,
Шанбе, 17-октябр
16 октябри соли 2026 дар Маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Географ-сайёҳони ҷавон”-и назди кафедраи география ва сайёҳии факултети география ва иқтисодиёти рақамӣ бо иштироки ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯён баргузор гардид.
Нахуст роҳбари маҳфил Камолзода Амир суханронӣ намуда, мақсад ва аҳамияти маҳфилро дар рушду такомули малакаҳои касбӣ ва ҷаҳонбинии донишҷӯён муҳим арзёбӣ намуд.
Сипас, Хонзода Омина, донишҷӯи курси 2-юми факултет дар мавзуи “Пиряхҳо ва роҳҳои ҳифзи он” баромад намуда, доир ба аҳамияти пиряхҳо ҳамчун манбаи муҳими захираҳои обӣ, нақши онҳо дар танзими низоми гидрологии минтақа ва таъсири тағйирёбии иқлим ба коҳишёбии пиряхҳо маълумоти муфассал пешниҳод кард. Ҳамзамон, роҳҳои ҳифзи пиряхҳо, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва зарурати баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷом иштирокдорон доир ба мавзуи баррасишуда мубодилаи афкор намуда, аҳамияти омӯзиши равандҳои табиӣ ва ҳифзи захираҳои обиро барои таъмини рушди устувори кишвар таъкид карданд.