, Шанбе, 17-октябр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МАЪРИФАТИ ОМӮЗГОР”


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МАЪРИФАТИ ОМӮЗГОР”

Дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Маърифати омӯзгор”-и кафедраи умумидонишгоҳии педагогика бо иштироки аъзоёни маҳфил баргузор гардид.

Нахуст роҳбари маҳфил, муаллими калони кафедра Расулова Нодира баромад намуда, оид ба пешбурди кори маҳфил ибрози андеша намуда, нақши баргузории чунин маҳфилҳоро дар баланд бардоштани савияи дониш ва фаъолгардонии донишҷӯён бориз арзёбӣ намуд.

Сипас, донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси таърих ва ҳуқуқ Абдусаломзода М. дар мавзуи “Нақши коллективи тарбиявӣ дар ташаккулёбии муносибатҳои байниҳамдигарии шахсии хонандагон” ва Аҳророва Г. дар мавзуи “Мақсад ва вазифаҳои асосии тарбияи ҳуқуқии хонандагон” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Маърӯзакунандагон аҳаммияти муҳити тарбиявӣ, ташаккули муносибатҳои солими байни хонандагон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳоро дар раванди таълиму тарбия мавриди баррасӣ қарор доданд.




Ба рӯйхат