,
Шанбе, 17-октябр
Санаи 16.10.2026 дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи молия ва қарз мизи мудаввар дар мавзуи “Нақши ташкилотҳои молиявию қарзӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар” бо иштироки садорати факултет, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Сараввал декани факултет, дотсент Наврӯз Носирӣ суханронӣ намуда, қайд намуда, доир ба аҳаммияти низоми молиявию қарзӣ дар рушди иқтисодиёти миллӣ, дастгирии соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ибрози назар кард. Ӯ таъкид намуд, ки омӯзиши фаъолияти ташкилотҳои молиявию қарзӣ ва таҳлили равандҳои муосири низоми бонкӣ барои омода намудани мутахассисони соҳибдонишу рақобатпазир аҳаммияти муҳим дорад.
Сипас, Холиқзода Аҳлиддин, номзади илмҳои иқтисодӣ муаллими калони кафедра дар мавзуи “Нақши муассисаҳои қарзӣ дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Саидова Мадина, ассистенти кафедраи молия ва қарз дар мавзуи “Таҳлили вазъи муосири бозори минтақавии хизматрасониҳои бонкӣ дар ташкилотҳои қарзии вилояти Хатлон” ва маърӯзаҳи худро ба самъи иштирокчиён расониданд.
Дар бахши музокирот мизи мудаввар мудири кафедра, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Абдулов Дилшод, номзади илмҳои иқтисодӣ Вазирзода Дилором ва номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳаёзода Қиёмиддин баромад намуда, доир ба масъалаҳои баррасишуда андешаҳои худро баён карданд. Онҳо ба аҳамияти таҳқиқоти илмӣ дар самти молия ва қарз, баланд бардоштани маърифати молиявии донишҷӯён ва пайвастани донишҳои назариявӣ ба таҷрибаи воқеии фаъолияти ташкилотҳои молиявию қарзӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.