, Панҷшанбе, 21-ноябр

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

 29.04.2023 195

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

Санаи 29-уми апрел дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи психологияи умумидонишгоҳӣ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Талаботи замони муосир ба қобилиятҳои педагогӣ-психологии омӯзгор» баргузор гардид.

Дар конфронс муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, мудири кафедраи мазкур, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Исоева Дилором, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Носиров Саъдулло, омӯзгорони донишгоҳҳои мухталифи кишвар ва коллеҷҳои шаҳр ва дигар профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.

Ҷаласаи ифтитоҳиро дотсент Шарофат Худойдодова оғоз намуда, қайд карданд: “Барои аз худ кардани санъати педагогӣ бояд бисёр чизҳоро донист ва тавонист. Бояд қонунҳо ва принсипҳои тарбия, таркиби онҳоро низ донист. Бояд бо такомулоти муфидонаи технологияи раванди таълиму тарбия, дуруст интихоб намудани онҳо барои ҳар вазъияти мушаххас, ташхис намудан, пешгӯӣ кардан ва тарҳбандии раванд таҳти дараҷа ва сифати супоридашуда истифода бурдани онҳоро тавонист”.

Сипас Носиров Саъдулло, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзуи “Қобилияти педагогии омӯзгор-муайянкунандаи муваффақияти азхудкунии донишу маҳорат ва малакаҳои хонандагон”, , дотсент Исоева Дилором дар мавзуи “Нақши фаъолияти таълимӣ дар рушду нумуи сифатҳои касбии муаллим”, муаллими калони кафедраи мазкур Қурбонов Маҳмадӣ дар мавзуи “Тарбия ва ташаккули сифатҳои психологии муаллим” маърӯзаҳои худро ироа карданд.

Ҳамзамон Лариса Оринина, дотсенти кафедраи таълими педагогӣ ва ҳуҷҷатнигории Донишгоҳи милли Тоҷикистон дар мавзуи “Особенности организации обучения детей-билингов” маърӯзаи худро тариқи маҷозӣ (онлайн) баромад намуд.

Инчунин қайд гардид, ки маҳорати педагогии муаллим, пеш аз ҳама, тавонистани ташкилии раванди омӯзишро ифода мекунад, ки дар ҳар гуна шароит, ҳатто дар вазъияти ноқулай ҳам ба сатҳи тарбия, инкишоф ва дониши талабгон комёб шуда метавонад. Муаллими қақиқӣ ҳама вақт ба ҳар саволи ғайридоимӣ ҷавоб ёфта метавонад. Вай метавонад бо хонандагон бедушворӣ наздик шавад, фикрро равшан гардонад, ба қобилиятҳо такон оварад, ба шарте, ки маҳорати (санъати) педагогӣ дошта бошад.

Пас аз ҷамъбасти ҷаласаи ифтитоҳӣ кори конфронс дар ду бахш: “Қобилиятҳои педагогӣ-психологии омӯзгорон дар замони муосир” бо роҳбарии номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Маҷидова Кенҷамо ва “Тарбия ва ташаккули қобилияти педагогии муаллим”, зери роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Изатова Муҳаббат идома ёфт.

Мавриди зикр аст, ки дар ҷаласаи ифтитоҳӣ ва бахшҳои конфронс 72 мақолаи профессорон ва омӯзгорон бобати бахшҳои гуногуни қобилиятҳои педагогӣ-психологии омӯзгорон шунида шуд. Маҷмуаи илмии конфронс аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ба нашр расонида мешавад.




Ба рӯйхат