,
Ҷумъа, 16-октябр
Дар кафедраи таҳлили математикӣва назарияи функсияҳои факултети физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-методии назди кафедра бо иштироки ҳайати омӯзгорон баргузор гардид.
Дар ҷараёни семинар номзади илмҳои педагогӣ Хидиров Худойқул бо маърӯзаи худ дар мавзуи “Тадқиқи муодилаи хаттии тор бо методи Даламбер бо сарбории аъзои озод ва шарти интегралӣ” баромад карда, ҷанбаҳои назариявӣ ва методии ҳалли муодилаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дод. Ҳамзамон, ӯ оид ба татбиқи методи Даламбер дар таҳқиқи муодилаҳои дифференсиалӣ ва аҳамияти шартҳои интегралӣ дар ҳалли масъалаҳои математикӣ маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Дар анҷоми семинар миёни иштирокчиён мубодилаи афкор, саволу ҷавоб ва муҳокимаи мавзуи пешниҳодшуда сурат гирифта, масъалаҳои марбут ба таҳқиқоти илмӣ ва такмили усулҳои омӯзиши мавзуъҳои математикӣ баррасӣ гардиданд.