, Ҷумъа, 16-октябр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ”


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ”

Барои боз ҳам беҳтару хубтар намудани донишу малакаи донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ як қатор маҳфилҳои илмӣ-адабӣ фаъолият мекунанд. Яке аз онҳо ин маҳфили доимамалкунандаи “Забон донӣ-ҷаҳон донӣ”-и назди кафедраи забонҳои хориҷии факултети филологияи хориҷӣ ба ҳисоб меравад.

Имрӯз дар маркази рушди касбият ва инноватсия маҳфили навбатӣ баргузор гардид, ки дар кори он сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Саидова Нилуфар, мудири кафедра, номзади илмҳои филологӣ Ҳусайнова Фарида, мутахассиси маркази рушди касбият ва инноватсия Сафарзода Сироҷиддин, роҳбари маҳфил Амирова Ситорабону ва аъзоёни маҳфил иштирок доштанд.

Нахуст, роҳбари маҳфил Амирова Ситорабону ҷаласаи ифтитоҳиро оғоз намуда, доир ба аҳаммияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар ҷаҳони муосир, нақши онҳо дар густариши робитаҳои байналмилалӣ ва зарурати баланд бардоштани сатҳи забондонии донишҷӯён ибрози назар кард.

Сипас, донишҷӯёни курси якуми факултет Искандарзода М. дар мавзуи “Water resources - об сарвати табиӣ”, Забирова М. Дар мавзуи “Забономӯзӣ ва нақши Пешвои миллат дар рушди он”, Алимадов Сафармуҳаммад дар мавзуи “Омӯзиши забони Чинӣ дар шароити муосир”, донишҷӯёни курси дуюми факултет Маҳмудова Омина дар мавзуи “Истилоҳоти соҳаи маориф дар забони муосири тоҷикӣ”, Саидзода Муҳаммад дар мавзуи “Knowing Languages Means Knowing the World: The Importance of Learning Foreigh Languages in the Modern World” ва донишҷӯи курси якуми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг Давлатзода Мавзуна дар мавзуи “Ҳавасмандгардонии донишҷӯён ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ (Motivating Students to Learn Foreign Languages)” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар қисмати музокирот сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Саидова Нилуфар ва мутахассиси маркази болозикр Сафарзода Сироҷиддин суханронӣ намуда, сатҳи омодагӣ ва фаъолияти донишҷӯёнро мавриди баррасӣ қарор доданд. Онҳо ба аҳамияти омӯзиши пайвастаи забонҳои хориҷӣ, истифодаи усулҳои муосири таълим, рушди тафаккури мустақилона ва иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар маҳфилҳои илмӣ таъкид карданд.




Ба рӯйхат