, Панҷшанбе, 15-октябр

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ


БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

Дар толори маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари  илмӣ-назариявии кафедраи география ва сайёҳии факултети география ва иқтисодиёти рақамӣ дар мавзуи “Иқтидори захиравии ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи вилояти Хатлон заминаи рушди сайёҳии экологӣ” бо иштироки ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултет  баргузор гардид.

Дар ҷараёни семинар муаллими калони кафедра Зоиров Исмон бо маърӯзаи илмӣ дар мавзуи “Моҳияти туризми экологӣ” баромад намуда, хусусиятҳо ва аҳаммияти сайёҳии экологиро дар ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ шарҳ дод.

Ҳамчунин ассистенти кафедра Кенҷаев Ворис дар мавзуи “Нақши ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда дар рушди туризм” маърӯза карда, имкониятҳои ин ҳудудҳоро барои ҷалби сайёҳон, ҳифзи гуногунии биологӣ ва рушди устувори сайёҳии экологӣ дар вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар фарҷоми семинар иштирокдорон доир ба масъалаҳои баррасишуда мубодилаи афкор намуда, аҳамияти омӯзиши иқтидори табиию рекреатсионии минтақа ва истифодаи самараноки он дар рушди сайёҳии экологиро таъкид карданд.




Ба рӯйхат