,
Панҷшанбе, 15-октябр
Дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Физикони ҷавон”-и кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ бо иштироки аъзоёни маҳфил баргузор гардид.
Нахуст роҳбари маҳфил, Собирзода Саидҷон баромад намуда, оид ба пешбурди кори маҳфил ибрози андеша намуда, нақши баргузории чунин маҳфилҳоро дар баланд бардоштани савияи дониш ва фаъолгардонии донишҷӯён бориз арзёбӣ намуд.
Сипас, донишҷӯи курси панҷум ихтисоси физика ва математика Ғафурзода Муниса дар мавзуи “Полияризатсияи рушноӣ”, Қутбиддинова Сабрина донишҷӯи курси чорум дар мавзуи “Ҳалли масъалаҳо доир ба ҳодисаҳои электромагнитӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи иштирокчиён ба анҷом расид.