,
Чоршанбе, 14-октябр
Бо мақсади таҳкими корҳои тарбиявӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ахлоқии донишҷӯдухтарон, риояи қоидаҳои будубош ва фароҳам овардани муҳити солими зиндагиву таҳсил дар хобгоҳ, вохӯрии масъулини раёсати тарбияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо донишҷӯдухтарони дар хобгоҳ истиқоматкунанда баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъулини раёсати тарбия масъалаҳои муҳими марбут ба тартибу низом, одобу рафтор, риояи қоидаҳои дохилии хобгоҳ, тозагию озодагӣ ва нигоҳдории молу мулки донишгоҳро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки ҳар як донишҷӯдухтар бояд ба тозагии ҳуҷраҳои истиқоматӣ ва ҷойҳои истифодаи умумӣ диққати ҷиддӣ дода, дар ҳифзи муҳити солим, орому осуда ва муносибатҳои эҳтиромонаи байниҳамдигарӣ саҳмгузор бошад.
Ҳамчунин, ба масъалаи истифодаи мақсаднок ва сарфакоронаи шароити фароҳамовардаи донишгоҳ, аз ҷумла неруи барқ, об ва дигар имкониятҳои мавҷуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Зикр гардид, ки риояи қоидаҳои бехатарӣ, муносибати эҳтиёткорона ба таҷҳизоту лавозимоти хобгоҳ ва масъулиятшиносӣ дар истифодаи онҳо аз ҷумлаи уҳдадориҳои ҳар як истиқоматкунанда ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи суҳбат масъулин ба масъалаи илмомӯзӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш, истифодаи самараноки вақти холӣ ва ҷалби донишҷӯдухтарон ба мутолиаи китобу омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Таъкид шуд, ки хобгоҳ бояд на танҳо макони зист, балки муҳити мусоид барои худомӯзӣ, такмили дониш, ташаккули одоби муошират ва рушди шахсияти донишҷӯён бошад.
Дар навбати худ, донишҷӯдухтарон низ оид ба шароити истиқомат, риояи тартиботи дохилӣ ва масъалаҳои марбут ба беҳтар намудани муҳити зисту таҳсил андешаҳои худро баён намуда, омодагии хешро барои ҳамкории минбаъда бо масъулини донишгоҳ ва саҳмгузорӣ дар нигоҳдории тозагӣ, тартибу низом ва истифодаи дурусти шароити мавҷуда изҳор карданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ таъкид гардид, ки риояи одобу ахлоқи ҳамида, масъулиятшиносӣ, эҳтироми ҳамдигар ва истифодаи оқилонаи имкониятҳои фароҳамовардаи донишгоҳ омили муҳими ташкили зиндагии шоиста ва муҳити мусоиди таълиму тарбия дар хобгоҳ ба шумор меравад.