, Чоршанбе, 14-октябр

ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲ ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ВАРЗИШИ ВАЗНИН ГАРДИД


ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲ ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ВАРЗИШИ ВАЗНИН ГАРДИД

Дар партави сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди варзиш ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод дар кишвар имкониятҳои васеъ фароҳам омадаанд. Самараи ин таваҷҷуҳ иштироки фаъолонаи ҷавонон дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ва ба даст овардани дастовардҳои арзишманд мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки Зарифов Неъматулло - донишҷӯи курси сеюми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба варзиши вазнин байни ҷавонон ва калонсолон баромади шоиста намуда, сазовори ҷойи якум гардида, бо медал ва диплом сарфароз гардид.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ин дастоварди варзиширо ба ғолиб, устодону мураббиёни ӯ самимона табрик гуфта, дар роҳи варзишӣ барору зафарҳои нав, саломатии бардавом ва пирӯзиҳои боз ҳам бештар дар арсаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ таманно менамояд.




Ба рӯйхат