,
Чоршанбе, 14-октябр
13 октябри соли 2026 дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи адабиёти хориҷӣ бо МТЗАР конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Русская эмигрантская литература – новые ракурсы” бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Конференсияро декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ашуров Азамат бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, аҳамияти омӯзиши адабиёти муҳоҷирати рус, таҳқиқи осори адибони барҷаста ва нақши чунин ҳамоишҳоро дар рушди илми филология таъкид кард. Ӯ ҳамчунин доир ба зарурати омӯзиши ҳамаҷонибаи равандҳои адабӣ ва баррасии осори адибони рус дар заминаи таҳаввулоти таърихию фарҳангӣ ибрози назар намуд.
Сипас, конференсия тибқи барномаи тасдиқшуда идома ёфта, маърӯзакунандагон доир ба паҳлуҳои гуногуни адабиёти муҳоҷирати рус ва масъалаҳои мубрами омӯзиши он баромад намуданд.
Нахуст, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Бобоқулов Ҷумахон дар мавзуи «Образ России в эмигрантской прозе И. А. Бунина» маърӯза пешниҳод намуд. Дар он симои Русия ва бозтоби воқеияти иҷтимоию фарҳангии он дар насри Иван Бунин мавриди баррасӣ қарор гирифт. Баъдан, номзади илмҳои педагогӣ, Муродов Равшан дар мавзуи «Проблемы языкового взаимодействия и обучения русского в таджикском вузе» суханронӣ намуд. Дар идомаи конференсия докторанти курси дуюм Абдураҳмонова М. дар мавзуи «Творчество Владимира Набокова» маърӯза карда, ба хусусиятҳои эҷодӣ, сабки адабӣ ва ҷойгоҳи Владимир Набоков дар адабиёти рус таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Ҳамзамон, дар доираи барномаи конференсия осори адибони маъруфи адабиёти муҳоҷирати рус, аз ҷумла Иван Шмелёв, Гайто Газданов ва Тэффи низ ҳамчун намунаҳои муҳимми мероси адабии ин давра муаррифӣ гардиданд.
Конференсияи мазкур барои баррасии масъалаҳои мубрами адабиёти рус, табодули афкор миёни омӯзгорону муҳаққиқон ва баланд бардоштани таваҷҷуҳи донишҷӯён ба омӯзиши мероси адабии ҷаҳон заминаи мусоид фароҳам овард.