, Ҷумъа, 27-декабр

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ОМОДАГИИ ДИФОИ ҲАРБӢ

 28.04.2023 233

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ОМОДАГИИ ДИФОИ ҲАРБӢ

Имрӯз дар факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши сайёра» бахшида ба эълон гардидани соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид.

Дар конфронс декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, доктори илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ Назарзода Пиралӣ, мудири кафедраи география ва сайёҳӣ, дотсент Гадоев Шералӣ, муовини декан оид ба тарбия Қурбонзода Некрӯз ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Сараввал декани факултет, дотсент Зулфиев Гадомад суханронӣ карда, қайд намуданд: “Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани худ ба масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, ки барои беҳтар гардидани ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва беҳдоштию экологии мардуми сайёра равона карда шудаанд, эътибори ҷиддӣ дода, дар ҳаллу фасли онҳо тадбирҳои мушаххас пешниҳод кардааст. Масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, махсусан масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои обӣ, дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва ҳолати беҳдоштӣ аз чунин ташаббусҳо ба ҳисоб мераванд. Инак, пешниҳоди мазкур ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки барои дар амал татбиқ намудани он дар СММ Қатъномаи махсус қабул гардидааст”.

Сипас дотсент Назарзода Пиралӣ дар мавзуи “Ҷумҳурии Тоҷикистон: ибтикорот дар масоили об ва ҳифзи пиряхҳо”, дотсент Гадоев Шералӣ дар мавзуи “Тоҷикистон кишвари ташаббускор оид ба обу иқлим дар сатҳи ҷаҳон” ва муовини декан оид ба тарбия Қурбонзода Некрӯз дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар ҳалли масоили марбут ба обу иқлим” маърӯзаҳои худро ироа намуда, қайд карданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба об дар ҷаҳон ҳамчун давлати пешоҳанг ва ташаббускор пазируфта шуда, ҳоло ин иқдомро давом дода истодааст.

Дар охир конфронс бо саволу ҷавоб ва баҳсу мунозираи омӯзгорону донишҷӯён ба анфом расид.




Ба рӯйхат