,
Чоршанбе, 14-октябр
Дар факултети физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Информатика дар амал”-и назди кафедраи методикаи таълими информатика бо иштироки мудири кафедра, номзади илмҳои педагогӣ Муродализода Раҳмоналӣ, ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни аъзои маҳфил гузаронида шуд.
Дар маҳфил Қурбонзода Муҳаммад-донишҷӯи курси сеюми ихтисоси информатика маърӯзаи худро дар бораи “Технологияи рақамгузорӣ ва рамзгузории сархатҳои матн ва сутунҳои ҷадвали VS Word ва методикаи таълими он” маърӯза намуд.
Маҳфил бо саволу ҷавоб, мубодилаи афкор ва баррасии роҳҳои таҳким бахшидани фаъолияти илмӣ-методии донишҷӯён идома ёфта, бо натиҷаҳои арзишманд ба анҷом расид.