, Шанбе, 10-октябр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ФАЗОИ IT”


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ФАЗОИ IT”

Санаи 8.10.2026 дар факултети физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Фазои IT”-и назди кафедраи таъминоти барномавӣ ва ВЕБ-дизайн бо иштироки мудири кафедра, номзади илмҳои педагогӣ Шоҳсанами Ризо, мутахассиси раёсати илм ва инноватсия Холова Ғалатӣ, ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни аъзои маҳфил гузаронида шуд.

Дар маҳфил Ашуров Акбаршо-донишҷӯи курси дуюми ихтисоси информатика маърӯзаи худро дар бораи “Таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба мафкураи ҷавонон”, Ҳоҷизода Самариддин-донишҷӯи курси дуюми ихтисоси информтика дар мавзуи “Имкониятҳои забони барномасозии С++” ва Қурбонзода Муҳаммад-донишҷӯи курси дуюми ҳамин ихтисоси дар мавзуи “Зеҳни сунъб дар илм: имкониятҳо ва мушкилот” маърӯза намуданд.

Маҳфил бо саволу ҷавоб, мубодилаи афкор ва баррасии роҳҳои таҳким бахшидани фаъолияти илмӣ-методии донишҷӯён идома ёфта, бо натиҷаҳои арзишманд ба анҷом расид.




Ба рӯйхат