,
Шанбе, 10-октябр
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар идомаи иқдомҳои хайрхоҳонаву инсондӯстона ва бо пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаю ғамхоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташаббуси навбатии худро амалӣ намуд. Дар доираи ин иқдом намояндагони раёсати донишгоҳ ба кӯдакистони «Ситора»-и назди муассиса ташриф оварда, ба тарбиягирандагон шириниҳо тақдим намуданд.
Ғамхорӣ ба кӯдакон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои тарбияву камолоти онҳо яке аз муҳимтарин самтҳои ҷомеаи солиму созанда ба шумор меравад. Шодии беолоиши кӯдакон, табассуми самимии онҳо ва дурахши умед дар чашмонашон беҳтарин бозгӯи муҳаббату ғамхории ҷомеа ба насли оянда аст. Зеро кӯдакони хушбахт ояндаи дурахшони миллатанд.