, Шанбе, 10-октябр

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ


БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ

Имрӯз, 07.10.2026, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи навбатии Раёсати донишгоҳ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳими фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва ташкилии донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҷаласа таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафарзода Мунир Ватан ва бо иштироки аъзои раёсат доир гардид.

Дар оғоз масъалаи «Вазъи иҷрои “Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар донишгоҳ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №463)» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Доир ба масъалаи мазкур сардори Маркази технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва шуъбаи таҳлилу иттилоот Зоиров Абдулманон гузориш пешниҳод намуд. Зимни маърӯза вазъи татбиқи ҳукумати электронӣ дар донишгоҳ, сатҳи истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди фаъолияти сохторҳои донишгоҳ, таъмини воҳидҳои сохторӣ бо таҷҳизоти компютерӣ ва дигар воситаҳои техникии зарурӣ, инчунин масъалаҳои такмили инфрасохтори рақамӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

Сипас, вобаста ба масъалаи “Таъмини гурӯҳҳои академӣ бо сарпарастон, вазъи фаъолияти Шурои кураторони донишгоҳ, ташкил ва банақшагирии чорабиниҳои тарбиявӣ дар факултетҳо, риояи талаботи санитарӣ ва беҳдоштӣ дар биноҳои таълимӣ” муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Шарифзода Одинамо гузориш дод. Дар ҷараёни муҳокима масъалаҳои вобаста ба фаъолияти сарпарастони гурӯҳҳои академӣ, нақши кураторҳо дар корҳои тарбиявӣ, татбиқи нақшаҳои чорабиниҳои тарбиявӣ дар факултетҳо ва риояи талаботи санитариву беҳдоштӣ дар биноҳои таълимӣ баррасӣ шуданд.

Дар бахши масъалаҳои ҷорӣ аъзои раёсат вобаста ба самтҳои фаъолияти худ баромад намуда, оид ба раванди корҳои таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва ташкилии донишгоҳ маълумот пешниҳод карданд.

Дар фарҷоми ҷаласа роҳбарияти донишгоҳ ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тақвияти корҳои тарбиявӣ ва иҷрои саривақтии вазифаҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Таъкид гардид, ки баланд бардоштани масъулиятшиносӣ ва татбиқи босамари нақшаҳои корӣ аз вазифаҳои муҳими ҳар як корманди донишгоҳ ба ҳисоб меравад.




Ба рӯйхат