,
Чоршанбе, 07-октябр
Вақте сухан дар бораи таълиму тарбияи насли наврасу ҷавонон меравад, пеш аз ҳама, симои омӯзгор ва хизматҳои шоёни ӯ пеши назар меоянд. Омӯзгор дар тамоми умри пурбаракати хеш бо қувваю ғайрат, заҳмату ҷидду ҷаҳд ва масъулияти баланд ба таълиму тарбияи насли наврас машғул шуда, дар роҳи ба камол расонидани ворисони сазовори Ватан саҳми арзанда мегузорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машварати умумиҷумҳуриявии кормандони соҳаи маориф ҳанӯз 22 декабри соли 2005 ба мақому манзалати омӯзгор баҳои баланд дода, чунин иброз дошта буданд: «Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон мебошад».
Дар ҳақиқат, маҳз каломи меҳрафзои омӯзгор аст, ки шогирдонро ба омӯхтани илму дониш ва пайравӣ аз ахлоқи ҳамида раҳнамун месозад. Сухани омӯзгор метавонад дар қалби шогирд меҳру муҳаббат ба Ватан, худшиносию худогоҳии миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои инсонӣ парвариш намояд.
Маҳбубияти омӯзгор дар назди шогирдон, пеш аз ҳама, аз садоқат ба касб, меҳнати софдилона, талошу заҳмат ва бедорхобиҳои ӯ сарчашма мегирад. Омӯзгори асил на танҳо дониш меомӯзонад, балки дар ташаккули шахсият, ҷаҳонбинӣ ва хислатҳои неки инсонӣ низ нақши муҳим мебозад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ таъкид намудаанд: «Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим - омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад».
Ин суханони пурмуҳтаво барои ҳар як омӯзгор масъулияти бузург мегузоранд. Дар ҳақиқат, омӯзгор бояд бо истифода аз дониш, таҷриба ва маҳорати касбии худ раванди таълиму тарбияро самаранок ба роҳ монда, шогирдонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, масъулиятшиносӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ба воя расонад. Таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат ба соҳаи маориф ва мақоми омӯзгор низ гувоҳи он аст, ки ба илму дониш, мактабу маориф ва фарҳанг ҳамчун пояҳои рушди ҷомеа аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат омӯзгоронро «машъалафрӯзи роҳи имрӯзу фардои миллат» номидаанд.
Арҷгузорӣ ба мақому манзалати омӯзгор дар фарҳанги маънавии халқи тоҷик таърихи дерина дорад. Мутафаккирону шоирони гузашта ҳамеша меҳнату заҳмати устодро қадр намуда, ҷойгоҳи ӯро дар ҷомеа баланд арзёбӣ кардаанд. Зеро маҳз бо заҳмати омӯзгор инсон соҳиби дониш, хирад, сухан ва маърифати зиндагӣ мегардад.
Камолиддини Биноӣ дар васфи мақоми устод чунин мегӯяд:
Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад,
Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Гар падар тарбият кунад сад сол,
Нозу неъмат диҳад туро ба камол,
Наравӣ то ба хизмати устод,
Илму ирфон куҷо бигирӣ ёд?
Ҳурмати устод ҳар кӣ надошт,
Алами илм дар ҷаҳон нафрошт.
Ин андешаҳо бозгӯи онанд, ки мақоми омӯзгор танҳо ба таълими дониш маҳдуд намешавад. Ӯ роҳнамои маънавӣ ва тарбиятгари насли оянда низ ҳаст. Ҳар фарди солимақлу тарбиятдида бояд дар ҳама ҳолат устод ва омӯзгори худро эҳтиром намояд ва қадри заҳмати ӯро бидонад.
Омӯзгор шахсест, ки аз қатра дарё меофарад, ба нобино нури маърифат мебахшад ва аз сангпораҳо лаълу дурр месозад. Маънии ин андешаро метавон дар мисраи зебои зерин низ дид:
Муаллим кашад ранҷ аз дилу ҷон,
Зи сангпора бисозад лаъли рахшон.
Омӯзгори асил касест, ки пайваста меомӯзад, донишу маҳорати худро такмил медиҳад ва таҷрибаи касбии хешро ғанӣ мегардонад. Зеро касби омӯзгорӣ аз инсон омӯзиши доимӣ, масъулияти баланд ва ҷустуҷӯи пайвастаро тақозо мекунад. Омӯзгор ҳар қадар бештар омӯзад, ҳамон қадар метавонад ба шогирдони худ дониш ва таҷрибаи бештар бахшад.
Ба қавли халқ: «Муаллим аст, ки ҷаҳон обод аст». Ин мақол моҳияти рисолати омӯзгорро хеле равшан ифода мекунад. Агар омӯзгор дар ҷомеа мақоми шоиста дошта бошад, илму дониш рушд мекунад ва насли босаводу соҳибмаърифат ба камол мерасад.
Абдураҳмони Ҷомӣ низ мақоми омӯзгорро хеле баланд арзёбӣ намуда, чунин гуфтааст:
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
Ин байт аҳамияти бузурги омӯзгорро дар ҳаёти ҷомеа ба таври равшан нишон медиҳад. Зеро омӯзгор бо чароғи илму маърифат роҳи зиндагии инсонро равшан месозад ва ӯро аз ҷаҳолату нодонӣ ба сӯи дониш ва камол раҳнамун менамояд.
Нақши омӯзгор ҳам дар гузашта ва ҳам дар ҷомеаи имрӯза назаррас мебошад. Дар замони муосир, ки ҷомеа бо суръати баланд рушд мекунад ва дар назди насли нав талаботи нав ба миён меоянд, масъулияти омӯзгор боз ҳам бештар мегардад. Ӯ бояд на танҳо донишомӯз, балки шахсияти мустақиландеш, ватандӯст, худшинос, соҳибмаърифат ва дорои ҷаҳонбинии васеъро тарбия намояд.
Имрӯз роҳбарияти кишвар ба омӯзгорон ҳамчун неруи бузурги таълимиву тарбиявӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Омӯзгорон дар тарбияи насли наврас, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносии миллӣ саҳми муҳим доранд. Ин таваҷҷуҳ арҷгузорӣ ба мактабу маориф, илму фарҳанг ва нақши онҳо дар рушди ҷомеа мебошад.
Дар ин замина, ҳар як омӯзгор бояд рисолати касбии худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, ба шогирдон на танҳо дониш, балки меҳру муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба инсон, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ омӯзонад. Зеро таъсири сухани нек ва рафтори шоистаи омӯзгор метавонад дар ташаккули шахсияти шогирд нақши муассир дошта бошад.
Дар фарҷом, дар симои ҳайати омӯзгорон, олимон ва профессорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ кулли омӯзгорони шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба муносибати Рӯзи омӯзгор самимона табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи пуршарафи таълиму тарбияи насли наврас, рушди илму маърифат ва фатҳи қуллаҳои нави илмӣ саломатӣ, саодат, неруи тоза ва муваффақиятҳои беназир орзу менамоям.
Рӯзи омӯзгор муборак бод!
Сафарализода Абдуҷаббор - ҷонишини декан оид ба таълими факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ