,
Чоршанбе, 07-октябр
Ҳар сол фарорасии моҳи октябр дар Тоҷикистони азизи мо дар баробари дигар ҷашнҳо бо як рӯйдоди муҳимми иҷтимоиву маънавӣ - Рӯзи омӯзгорон, таҷлил мегардад. Ин санаи фархунда фурсати муносибест барои андешидан дар бораи мақоми омӯзгор, масъулияти ӯ дар назди ҷомеа ва нақши муассири таълиму тарбия дар ташаккули насли оянда ҷиҳати бақои давлат ва фардои дурхашони он.
Омӯзгор аз ҷумлаи он шахсиятҳоест, ки таъсири фаъолияти ӯ дар як давраи муайян маҳдуд намешавад. Меҳнати ӯ метавонад дар зиндагии инсон солҳо идома ёбад. Ҳар яки мо, агар ба роҳи тайкардаи худ назар андозем, чеҳраи устодеро ба ёд меорем, ки дарҳои нахустини ҷаҳони донишро ба рӯямон боз кардааст. Дар зимни иҷрои ин рисолати шарафмандона хондану навиштан, андешидану ҷустуҷӯ карданро бароямон омӯхтааст ва дар баробари дониш ба мо арзишҳои муҳими инсонӣ-эҳтиром, масъулият, меҳнатдӯстӣ, худшиносӣ ва муҳаббат ба Ватанро талқин намудааст.
Аз ин рӯ, омӯзгор роҳнамои аввалини инсон дар роҳи шинохти худ, ҷомеа ва ҷаҳон ба шумор меравад.
Моҳияти аслии омӯзгорӣ дар он аст, ки муаллим ба шогирд на танҳо ҷавоби саволро медиҳад, балки ӯро ба пайдо кардани ҷавоб ҳидоят мекунад. Ӯ бояд дар хонанда қобилияти мустақилона андешидан, ҷустуҷӯ кардан, пеши роҳи хато кардану аз хато сабақ гирифтан ва барои расидан ба ҳадаф пайваста талош намуданро ташаккул диҳад.
Дар ин маъно, таълим ва тарбия аз ҳам ҷудо нестанд. Донише, ки ба ахлоқ, масъулият ва ҷаҳонбинии солим пайванд намехӯрад, на ҳамеша метавонад шахсияти комилро ба вуҷуд оварад. Аз ин рӯ, рисолати омӯзгор ҳам омӯзонидани илм ва ҳам мусоидат ба ташаккули инсонест, ки дар назди худ, ҷомеа ва Ватан масъулият эҳсос мекунад.
Ин андеша дар суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ пайваста таъкид шудааст. Аз ҷумла, зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш 1 сентябри соли 2013 дар бораи нақши омӯзгор дар ҷомеа чунин таъкид доштанд: «Ниёгони мо доир ба заҳматҳо ва нақши муаллим дар таълиму тарбия гуфтаанд: Тарбия чист? Хок зар кардан, Қатраи обро гуҳар кардан. Аз ин рӯ, бояд ҳар як омӯзгор донад, ки ӯ шахси масъулу равшанфикр ва пешбарандаи ҷомеаи мост».
Дар ин андеша моҳияти муҳимми касби омӯзгорӣ ифода ёфтааст: омӯзгор бо шахсияте сарукор дорад, ки ҳанӯз дар марҳилаи ташаккул қарор дорад. Аз ин рӯ, ҳар сухан, муносибат ва рафтори ӯ метавонад ба ҷаҳонбинии шогирд таъсир расонад.
Омӯзгор баъзан барои шогирд танҳо муаллим нест. Ӯ метавонад дар лаҳзае устод, дар лаҳзаи дигар маслиҳатгар ва дар ҳолати зарурӣ шахси рӯҳбаландкунанда бошад. Як сухани саривақтии омӯзгор метавонад эътимоди хонандаро ба худ қавӣ кунад, як муносибати одилона метавонад ӯро ба меҳнату омӯзиш ҳавасманд созад ва як намунаи шахсӣ метавонад аз даҳҳо насиҳат таъсиргузортар бошад.
Дар шароити ҷомеаи муосир масъалаи мақоми омӯзгорро танҳо аз мавқеи эҳтироми иҷтимоӣ баррасӣ кардан кофӣ нест. Мақоми воқеии омӯзгор ҳамзамон ба сифати таълим, имкониятҳои рушди касбӣ, шароити фаъолияти меҳнатӣ, сатҳи омодагии касбӣ ва муносибати ҷомеа ба дониш вобаста аст.
Зеро беҳтарин барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва технологияҳои муосир низ бидуни омӯзгори соҳибмаърифат, масъулиятшинос ва пайваста омӯзанда наметавонанд натиҷаи комил диҳанд. Муаллим ба барномаи таълимӣ рӯҳи инсонӣ мебахшад, донишро ба сатҳи дарки хонанда мутобиқ мекунад ва маълумоти назариявиро ба таҷрибаи зиндагӣ пайванд медиҳад.
Маҳз ҳамин нақш аст, ки масъалаи мақоми омӯзгорро ба яке аз масъалаҳои муҳими рушди маориф табдил медиҳад.
Як нуктаро фаромӯш набояд кард, ки дар шароити кунунӣ омӯзгори имрӯз дигар танҳо сарчашмаи маълумот буда наметавонад. Зеро марҳилае, ки хонанда метавонад дар чанд сония ба ҳаҷми бузурги иттилоот дастрасӣ пайдо кунад, вазифаи муаллим бештар ба роҳнамоӣ, таҳлили иттилоот, ташаккули тафаккури интиқодӣ ва омӯзонидани истифодаи масъулионаи дониш вобаста мешавад.
Аз ин рӯ, омӯзгори муосир бояд худ низ омӯзандаи доимӣ бошад. Мутолиа, такмили ихтисос, ошноӣ бо технологияҳои нав ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам бояд ҷузъи фарҳанги касбии ӯ гардад. Омӯзгоре, ки худ аз омӯзиш боз намемонад, метавонад дар шогирд низ шавқи донишомӯзиро устувор созад.
Дар ин раванд технология метавонад воситаи муассир бошад, аммо ҷойгоҳи муносибати инсонӣ, муоширати мустақим ва намунаи шахсии омӯзгорро пурра иваз карда наметавонад. Зеро таълим танҳо интиқоли иттилоот нест; он раванди мураккаби ташаккули шахсият аст.
Андешаи мақоми баланди омӯзгор реша дар умқи таъриху тамаддуни мо дорад. Дар фарҳанги тоҷикӣ ва адабиёти классикӣ таълиму тарбия аз арзишҳои асосии камолоти инсон дониста шудааст.
Саъдии Шерозӣ дар бораи таъсири суҳбати устод чунин фармуда, ки «Суҳбати ҷонпарвар аст, суҳбати омӯзгор». Ин сухан, сарфи назар аз содагии баён, маънои амиқ дорад. Сӯҳбати омӯзгори асил метавонад дар инсон шавқи дониш, ҳисси масъулият ва бовар ба имкониятҳои худро бедор кунад. Баъзан як ҷумлаи устод метавонад дар хотираи шогирд солҳои зиёд боқӣ монад ва дар интихоби роҳи зиндагӣ ба ӯ таъсир расонад.
Ҳофизи Шерозӣ низ аҳамияти тарбияро дар камолоти инсон ва ҷойгоҳи устоду роҳнаморо дар ташаккули шахсити инсон бо чунин ташбеҳи пурмаънову рамзӣ баён кардааст:
Гуле, ки тарбият аз дасти боғбон нагирифт,
Агар ба чашми Хуршед сар кашад, худруст».
Мазмуни ин байт ба як ҳақиқати муҳим ишора мекунад: истеъдод бе тарбия ва роҳнамоӣ ҳамеша наметавонад ба қобилияти комил табдил ёбад. Ҳамон гуна ки ниҳол барои рушд ба нигоҳубин ниёз дорад, инсон низ дар роҳи камолот ба муҳити солими маънавӣ, дониш, тарбия ва роҳнамоӣ эҳтиёҷ дорад.
Дар ин ҷо нақши омӯзгор махсусан муҳим аст. Ӯ метавонад истеъдодеро бинад, ки худи шогирд ҳанӯз аз мавҷудияти он огоҳ нест. Шояд хонандаи ороми гӯшаи синф дар оянда донишманде шавад. Шояд шогирде, ки имрӯз дар ҳалли масъалае душворӣ мекашад, баъдтар мутахассиси варзидаи соҳаи худ гардад. Вазифаи омӯзгор фароҳам овардани имкониятест, ки ҳар як кӯдак тавонад қобилиятҳои худро кашф ва рушд диҳад.
Эҳтиром ба омӯзгор, албатта, танҳо бо суханони нек ва табрикоти идона маҳдуд намешавад. Қадршиносии воқеии омӯзгор дар фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти касбӣ, дастгирии рушди касбӣ ва муносибати масъулонаи ҷомеа ба мактаб ва дониш низ ифода меёбад.
Дар ин замина, зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш 1 сентябри соли 2024, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд: «Мо вазифадор ҳастем, ки омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимиро боз ҳам бештар дастгирӣ кунем ва манзалату обрӯи онҳоро дар ҷомеа баланд бардорем».
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» низ дар доираи таваҷҷуҳ ба масъалаи мақоми касбӣ ва иҷтимоии омӯзгор қарор дорад. Аммо баланд бардоштани мақоми омӯзгор танҳо вазифаи давлат нест. Дар ин масъала масъулияти оила, ҷомеа, худи омӯзгор ва хонанда низ муҳим аст. Падару модар бояд ба донишомӯзии фарзанд ва фаъолияти мактаб муносибати масъулона дошта бошанд. Хонанда бояд эҳтироми устодро ҳамчун ҷузъи фарҳанги шахсии худ дарк кунад. Ва худи омӯзгор низ бо донишу ахлоқ, адолат ва муносибати касбӣ бояд ба ин эҳтиром сазовор бошад. Ба баёни дигар мақоми омӯзгор ҳам ҳуқуқ аст ва ҳам масъулият.
Меҳнати омӯзгор аз ҷумлаи он заҳматҳоест, ки самарааш баъзан баъд аз солҳои зиёд падид меояд. Имрӯз омӯзгор ба хонанда ҳарф меомӯзонад, фардо шогирд бо ҳамин ҳарфҳо китоб менависад. Имрӯз қоидаи одии ҳисобро мефаҳмонад, фардо шогирд метавонад муҳандис, табиб, иқтисоддон ё муҳаққиқ шавад. Имрӯз дар бораи масъулият ва муҳаббат ба Ватан сухан мегӯяд, фардо ҳамин шогирд метавонад дар пешрафти ҷомеа саҳм гузорад.
Аз ин нигоҳ, омӯзгорро метавон яке аз сармоягузорони асосии маънавии ҷомеа номид. Сармояе, ки ӯ ба вуҷуд меорад, на дар шакли дороиҳои моддӣ, балки дар шакли дониш, ҷаҳонбинӣ, фарҳанг ва қобилияти инсонӣ таҷассум меёбад.
Муваффақияти шогирд барои омӯзгор яке аз муҳимтарин нишонаҳои самараи меҳнати ӯст. Шогирд пас аз хатми мактаб роҳи худро интихоб мекунад, ба муҳити дигар ворид мешавад ва шояд солҳои зиёд устодашро набинад. Аммо вақте рӯзе бармегардад ва мегӯяд: «Устод, ман ба мақсадам расидам», ин барои омӯзгор метавонад аз ҳар гуна туҳфаи моддӣ арзишмандтар бошад. Зеро муаллим дар ин лаҳза натиҷаи меҳнати худро мебинад.
Дар ҷомеаи донишбунёд мақоми омӯзгор бо мақоми илму маърифат пайванди ногусастанӣ дорад. Агар дониш арзиши иҷтимоӣ пайдо кунад, эҳтироми омӯзгор низ боло меравад. Агар мутолиа, саводнокӣ, тафаккури мустақил ва омӯзиш ба фарҳанги рӯзмарраи ҷомеа табдил ёбанд, мактаб низ имкони бештар барои иҷрои рисолати худ пайдо мекунад.
Аз ин рӯ, эҳтиром ба омӯзгор набояд танҳо як эҳсоси идона бошад. Он бояд ба фарҳанги доимии муносибат бо дониш ва меҳнати зеҳнӣ табдил ёбад. Дар ҳамин маъно, таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «Ҷомеа бояд дарк намояд, ки эҳтиром ба омӯзгор ин эҳтиром ба миллат аст», моро ба робитаи амиқи маориф, фарҳанг ва ояндаи ҷомеа равона мекунад.
Миллат тавассути забон, фарҳанг, хотираи таърихӣ ва дониш арзишҳои худро аз як насл ба насли дигар интиқол медиҳад. Омӯзгор яке аз ҳалқаҳои асосии ҳамин пайванди наслҳост.
Дар ниҳоят, бузургии омӯзгор дар он нест, ки ӯ чӣ қадар маълумотро ба хонанда расонидааст, балки дар он аст, ки то чӣ андоза тавонистааст дар зеҳни шогирд шавқи дониш, дар қалби ӯ эҳсоси масъулият ва дар рафтораш фарҳанги инсонӣ ба вуҷуд оварад.
Мактаб бе омӯзгор метавонад бино бошад, аммо маънои аслии худро пайдо намекунад. Китоб бе роҳнамо метавонад манбаи маълумот бошад, аммо омӯзгор ба хонанда тарзи дуруст хондан, андешидан ва истифода бурдани донишро меомӯзонад. Дониш низ танҳо вақте ба неруи созанда табдил меёбад, ки бо ахлоқ, масъулият ва маърифати инсонӣ пайванд дошта бошад.
Аз ҳамин рӯ, омӯзгорро натанҳо соҳиби як касб, балки метавон соҳиби рисолат-рисолати инсонсозӣ, маърифатпарварӣ ва омода кардани насли оянда ба зиндагии шоиста, донист Бо иҷрои шарафмандонаи ин рисолат наслҳои миллатро аз остонаи мактаб то кохи пуршукуи илму маърифат, аз равшаннамоии чароғи дониш то ба дарки масълуият барои фардои миллат роҳнамоӣ намояд.
Алишери Абдулмаҷид, доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисоси рӯзноманигорӣ, дотсенти кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ