, Шанбе, 03-октябр

МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ


МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ

Бо чунин ном имрӯз 30-юми сетябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамоиши илмӣ-адабӣ баргузор шуда, ба гиромидошти осори гаронбаҳо, андешаҳои инсонпарварона ва мероси маънавии мутафаккир бахшида шуд.

Дар кори ҳамоиш ҳайати раёсати донишгоҳ ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд. Дар ҳайати раёсат муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Камолзода Шодмон, инчунин дигар масъулону омӯзгорони донишгоҳ ҳузур доштанд. Ҷаласаро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Камолзода Шодмон пешбарӣ намуда, бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ баромад намуд.

Дар сухани ифтитоҳӣ таъкид гардид, ки таҷлили Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамчун арҷгузорӣ ба мероси адабӣ, маънавӣ ва ахлоқии миллати тоҷик аҳаммияти вижа дошта, аз самари сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби халқ гардидаву, рӯйдодҳои фараҳбахши замони Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб меравад. Мутафаккири барҷаста-Мавлоно, бо андешаҳои фарогири инсонпарварӣ, таҳаммулпазирӣ, дӯстӣ, муҳаббат, худшиносӣ ва маърифати инсонӣ дар фарҳанги ҷаҳонӣ ҷойгоҳи хосса дорад. Қайд карда шуд, ки омӯзиш ва тарғиби осори Мавлоно, бахусус дар миёни насли ҷавон, метавонад дар таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ, маърифати ахлоқӣ, эҳсоси худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои волои инсонӣ нақши муассир гузорад.

Сипас, тибқи барномаи ҳамоиш маърӯзаҳои илмӣ шунида шуданд. Нахуст Давлатов Абдулмаҷид, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон, дар мавзуи «Унсурҳои худшиносӣ аз нигоҳи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ» суханронӣ намуд. Дар маърӯза масъалаи худшиносии инсон, дарки мақоми ӯ дар ҷомеа ва робитаи маърифати ботинӣ бо камолоти маънавӣ дар осори Мавлоно мавриди таҳлил қарор гирифт.

Дар идомаи ҳамоиш Алиева Бахтинисо, муаллимаи кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон, дар мавзуи «Хусусиятҳои забонӣ дар ашъори Ҷалолуддини Балхӣ» маърӯза намуд. Номбурда бо такя ба намунаҳои ашъори Мавлоно вижагиҳои забонӣ, бадеӣ ва ифодаҳои хоси осори шоирро мавриди баррасӣ қарор дода, нақши забони равону образноки адибро дар ифодаи андешаҳои амиқи ирфонӣ, фалсафӣ ва ахлоқӣ нишон дод. Таъкид гардид, ки забони осори Мавлоно бо вуҷуди гузашти асрҳо тавонистааст таъсирнокии худро нигоҳ дошта, ҳамчун яке аз намунаҳои барҷастаи забон ва адабиёти форсии классикӣ арзиши худро ҳифз намояд.

Дар робита ба «Мақоми инсон дар “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолуддини Балхӣ» маърӯзаи Муҳаммадҷони Абдувоҳид, муаллими калони кафедраи адабиёти тоҷики донишгоҳ шунида шуд. Дар он ба масъалаи мақоми инсон дар ҷаҳонбинии Мавлоно, арзиши маънавии вуҷуди инсон ва масъулияти ӯ дар роҳи камолоти шахсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Бо истифода аз андешаҳо ва мисолҳо аз «Маснавии маънавӣ» таъкид гардид, ки инсон дар таълимоти Мавлоно мавҷуди дорои имкониятҳои бузурги маънавӣ буда, роҳи расидан ба камол аз худшиносӣ, дониш, муҳаббат, покии қалб ва эҳтироми дигарон мегузарад. Ин андешаҳо дар шароити имрӯза низ аҳаммияти баланди тарбиявӣ дошта, барои ташаккули шахсияти масъулиятшинос ва инсондӯст заминаи муҳим фароҳам меоранд.

Дар бахши «Музокира» дотсент Холиқзода Сафар баромад намуда, атрофи мазмуну муҳтавои маърӯзаҳои пешниҳодшуда андешаҳои худро баён кард. Ӯ ба аҳаммияти омӯзиши ҳамаҷонибаи мероси адиб, таҳқиқи паҳлуҳои гуногуни осори ӯ ва истифодаи самараноки андешаҳои ахлоқию инсонпарваронаи шоир дар раванди таълиму тарбия таваҷҷуҳ намуда, баргузории чунин маҳфилҳои илмӣ-адабиро дар баланд бардоштани сатҳи маърифати адабӣ ва фарҳангии ҷавонон муҳим арзёбӣ кард.

Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ганҷинаи бузурги маънавии башарият буда, андешаҳои ӯ дар бораи муҳаббат, инсонгарӣ, дониш, маърифат, сулҳу дӯстӣ ва камолоти инсонӣ аҳаммияти худро дар ҳама давру замон нигоҳ медоранд. Аз ин рӯ, баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ-адабӣ дар донишгоҳ барои муаррифии арзишҳои волои адабиёти классикӣ, таҳкими эҳсоси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, рушди ҷаҳонбинии донишҷӯён ва пайванди насли имрӯз бо мероси пурғановати гузашта аҳаммияти муҳим дорад.




Ба рӯйхат