, Душанбе, 28-сентябр

БОЗДИД АЗ ДОНИШГОҲ ВА БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМИЮ ИЛМӢ


БОЗДИД АЗ ДОНИШГОҲ ВА БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМИЮ ИЛМӢ

Таърихи 28.09.2026 муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Илҳомиддин Иброҳимзода ва сардори шуъбаи сифати таҳсилоти вазорат дотсент Холиқзода Айниддин бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти таълимию илмӣ ва раванди корҳои созандагию ободонӣ ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ташриф оварданд.

Зимни боздид вазъи раванди таълим, фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ, инчунин заминаи моддию техникии донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷараёни мулоқот зарурати тақвияти сифати таълим, рушди малакаҳои рақамии донишҷӯён, густариши фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва мутобиқ намудани омодасозии мутахассисон ба талаботи бозори меҳнат таъкид гардид.

Дар фарҷоми ташриф ба масъулини донишгоҳ оид ба такмили фаъолияти таълимию илмӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва беҳтар намудани шароити таълим тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.




Ба рӯйхат