, Чоршанбе, 23-сентябр

ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ ОБОДОНӢ ДАР ДОНИШГОҲ


ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ ОБОДОНӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи тадбирҳои ободониву рушди инфрасохтори соҳаи маориф, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ корҳои созандагию ободонӣ бо маром идома доранд.

Бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму таҳсил ва муҳайё сохтани муҳити муосири таълимӣ, айни ҳол роҳравҳои назди биноҳои таълимӣ, аз ҷумла ҳудуди назди бинои маъмурии донишгоҳ бетонпӯш гардида, ҳамзамон корҳои кабудизоркунӣ, шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ ва сабзу хуррамгардонии муҳити муассиса идома доранд.

Дар баробари ин, намои биноҳои факултети физика, математика ва информатика, факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг ва факултети география ва иқтисодиёти рақамӣ пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуданд. Дар доираи ин корҳои навсозӣ синфхонаҳои таълимӣ таъмиру таҷдид гардида, бо мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти нави замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд, ки барои фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари омӯзиш мусоидат менамоянд.

Ёдовар бояд шуд, ки чунин корҳои ободониву навсозӣ марҳила ба марҳила дар дигар факултетҳо низ амалӣ гардида, тамоми биноҳои таълимии муассиса мутобиқ ба талаботи замони муосир таҷдиду азнавсозӣ хоҳанд шуд.




Ба рӯйхат