,
Шанбе, 19-сентябр
Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як миллат муқаддастарин арзиш, рамзи озодӣ ва пояи асосии давлатдорӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 9 сентябри соли 1991 ба истиқлоли давлатӣ ноил гардида, ҳамчун давлати соҳибихтиёр аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ эътироф шуд. Ин рӯйдоди сарнавиштсоз барои миллати тоҷик оғози марҳалаи нави давлатсозӣ, эҳёи худшиносии миллӣ ва таҳкими арзишҳои сиёсиву фарҳангӣ гардид.
Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо мушкилоти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ шуд. Қувваҳои манфиатҷӯй ва қудратталаби дохилию хориҷӣ тавонистанд дар муддати кӯтоҳ кишвари тозаистиқлолро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашанд. Дар натиҷаи он даҳҳо ҳазор шаҳрвандон ҷони худро аз даст дода, зиёда аз як миллион нафар гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ гардиданд, сохторҳои давлатӣ фалаҷ шуда, хатари аз байн рафтани давлатдории миллӣ ба воқеияти талх табдил ёфт.
Бо гузашти айём ва дар такя ба таҷрибаи ҳазорсолаи давлатдорӣ, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи сарбаланди тоҷик тавонист истиқлолияти давлатии худро ҳифз ва таҳким бахшад. Истиқлол ва озодӣ барои мардуми тоҷик ба рамзи воқеии ифтихор аз давлату давлатдорӣ, заминаи зиндагии орому осоишта ва рушди устувори кишвар мубаддал гардид.
Дар як муддати нисбатан кӯтоҳ мардуми тоҷик таҳти сарварии фарзанди фарзонаи миллат шарафёб гардиданд, ки истиқлолияти худро аз хатарҳои дохилию хориҷӣ ҳимоя намуда, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшанд ва пояҳои давлатдории миллиро аз нав барқарор созанд. Бо талошу ҷонфидоии Пешвои миллат сулҳ таъмин гардид, ваҳдати миллӣ пойдор шуд, фирориён ба Ватан баргаштанд, қонуният барқарор гардид ва Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоистаи худро соҳиб шуд.
Имрӯз самараҳои истиқлолият дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа - маориф, илм, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, сиёсати ҷавонон, варзиш, бозори меҳнат ва иқтисоди миллӣ ба таври равшан эҳсос мешаванд. Ҳар як дастоварде, ки имрӯз Тоҷикистон соҳиб аст, маҳз аз файзу баракати истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати созандаи роҳбарияти давлат сарчашма мегирад.
Мо, мардуми Тоҷикистон, шукрона мекунем, ки дар фазои сулҳу субот ва амнияти комил зиндагӣ дорем. Имрӯз ваҳдати миллӣ таҳким ёфта, ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар миёни ҷомеа, бахусус ҷавонон, рӯз ба рӯз боло меравад. Тоҷикистони азиз ҳамчун яке аз кишварҳои амну ороми минтақа дар раддабандии давлатҳои сулҳпарвар мақоми арзанда дорад.
Истиқлолият ормони деринаи ҳар миллати озода мебошад. Бидуни истиқлолият ҳеҷ гуна пешрафти воқеии сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва иҷтимоӣ имконнопазир аст. Имрӯз низ даҳҳо миллатҳои ҷаҳон орзуи соҳибистиқлолиро доранд, аз ин рӯ моро зарур аст, ки қадри ин неъмати бебаҳоро бештар донем ва барои пойдории он саҳмгузор бошем.
Раванди ташаккули давлати муосири Тоҷикистон бо таҷдиди асосҳои конститутсионӣ ва бунёди низоми нави давлатдорӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Дар ин раванд таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузурги сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва таърихӣ касб намуд. Конститутсияи давлати соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз заминаи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро фароҳам оварда, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини амнияти давлатӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат дод.
Воқеан, соҳибистиқлолӣ барои ҷомеаи Тоҷикистон дигаргуниҳои амиқи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро ба миён овард. Ислоҳоти куллӣ дар сохтори идоракунии давлатӣ, таҷзияи ҳокимият, рушди бисёрҳизбӣ, эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон, кафолати моликияти хусусӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳз дар партави истиқлолият амалӣ гардиданд. Ин ҳама барои ташаккули давлати муосири миллӣ ва рушди устувори кишвар заминаи воқеӣ фароҳам овард.
Қабули Конститутсия тавассути раъйпурсии умумихалқӣ масъулияти муштараки давлат ва ҷомеаро дар бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол муайян намуд. Таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон собит месозад, ки рушду пешрафти ҷомеа танҳо дар шароите таъмин мегардад, ки волоияти қонун, адолат ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун арзишҳои бунёдӣ риоя шаванд. Тоҷикистон низ маҳз бо ҳамин роҳ пояҳои давлатдории худро устувор гардонд.
Дар баробари таҳкими давлатдорӣ, истиқлолият барои рушди илму маориф ва фарҳанг низ имкониятҳои бесобиқа фароҳам овард. Бо ташаббуси Пешвои миллат барномаҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ», инчунин озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» роҳандозӣ гардиданд. Ин иқдомҳо барои боло бурдани маърифати ҷомеа, рушди истеъдодҳои ҷавон ва таҳкими худшиносии миллӣ аҳамияти бузург доранд.
Дар сиёсати хориҷӣ низ Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Имрӯз кишвари мо ҳамчун давлати сулҳпарвар, ташаббускор ва ҷонибдори ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар арсаи байналмилалӣ эътироф шудааст. Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар масъалаҳои об, иқлим ва сулҳ обрӯи байналмилалии Тоҷикистонро боз ҳам баланд бардоштанд.
Бунёду азнавсозии ҳазорҳо муассисаи таълимӣ ва тандурустӣ, роҳҳо, пулҳо, неругоҳҳо ва дигар иншооти иҷтимоӣ низ самараи неки истиқлолият мебошанд. Ҳадафи давлат танҳо сохтмони иншоот нест, балки фароҳам овардани шароити муосири зиндагӣ, таълиму тарбия ва рушди инсон аст. Имрӯз ҷавонони тоҷик дар фазои сулҳу субот имконияти омӯзиши донишҳои муосир, азхуд намудани касбу ҳунар ва иштирок дар озмуну мусобиқаҳои байналмилалиро доранд.
Воқеан, беҳтарин неъмате, ки миллати тоҷик соҳиб шудааст, сулҳ, ваҳдат ва истиқлолият мебошад. Мо бояд ин арзишҳои муқаддасро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намуда, бо меҳнати содиқона, худшиносии баланд ва эҳтиром ба қонун барои таҳкими давлатдории миллӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузорем.
Бобозода Бахтиёр, дотсенти кафедраи химия ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ - БЕҲТАРИН НЕЪМАТ ВА ГАРОНБАҲОТАРИН АРЗИШ