, Чоршанбе, 16-сентябр

МУКОФОТ БАРОИ МЕҲНАТИ СОДИҚОНА


МУКОФОТ БАРОИ МЕҲНАТИ СОДИҚОНА

Кӯлоб, 10 сентябр. Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб маросими тантанавии супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор гардид.

Дар маросим намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва раиси шаҳри Кӯлоб Пирзода Диловар иштирок намуда, як гурӯҳ омӯзгорону кормандон ва фаъолони шаҳрро барои саҳми арзанда дар рушди соҳаҳои гуногун, фаъолияти самаранок ва меҳнати содиқона бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардониданд.

Дар доираи ин маросими тантанавӣ се нафар омӯзгорону кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ ба қадршиносии давлатӣ мушарраф гардиданд.

Аз ҷумла, Файзуллоева Фирузамо, дотсенти кафедраи забони русӣ ва Шарифзода Одинамо, дотсент, муовини ректор оид ба тарбия, бо медали «Хизмати шоиста» ва Абдусамадзода Эраҷ Абдусамад, дотсент, муовини ректор оид ба таълим, бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шуданд.

Зимни тақдими мукофот таъкид гардид, ки чунин қадрдонии давлатӣ нишонаи эҳтиром ба меҳнати софдилона, фаъолияти созанда ва хизматҳои шоистаи шаҳрвандон буда, нақши аҳли илму маорифро дар рушди давлат ва тарбияи насли ҷавони худогоҳу ватандӯст бозгӯ менамояд.

Қайд гардид, ки дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар тӯли 35 сол натиҷаи меҳнати содиқона, масъулиятшиносӣ ва фаъолияти созандаи мардуми кишвар мебошад. Дар ин раванд, аҳли илму маориф, бахусус омӯзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, дар омода намудани кадрҳои баландихтисос ва тарбияи насли созандаву масъулиятшинос нақши муҳим доранд.

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ дар даврони соҳибистиқлолӣ дар омода намудани мутахассисони баландихтисос, рушди илму маориф, таҳкими иқтидори зеҳнии кишвар ва тарбияи ҷавонони ватандӯсту худогоҳ саҳми назаррас мегузорад.

Мукофотгирандагон иброз доштанд, ки ин қадршиносии давлатро ҳамчун нишони эҳтиром ба фаъолияти онҳо ва ҳамзамон масъулияти бештар дар назди Ватан қабул намуда, минбаъд низ дониш, таҷриба ва неруи худро барои рушди илму маориф, тарбияи насли ҷавон ва ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол равона хоҳанд кард.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ омӯзгорону кормандони бо мукофотҳои давлатӣ сарфарозгардидаро ба муносибати ин дастоварди арзанда самимона табрик намуда, ба онҳо саломатии бардавом, саодати рӯзгор, неруи тоза ва дар фаъолияти минбаъдаи илмиву омӯзгорӣ комёбиҳои нав ба нав орзу менамояд. Итминон дорем, ки ин қадршиносии давлатӣ барои фаъолияти минбаъдаи онҳо рӯҳияи тоза бахшида, ҳамчун намунаи ибрат барои аҳли донишгоҳ ва насли ҷавон хизмат хоҳад кард.




Ба рӯйхат