, Панҷшанбе, 10-сентябр

ЗАМИНАҲОИ СОХТОРӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


ЗАМИНАҲОИ СОХТОРӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳасанов Маҳмадсаид Маҳмадисуфович, номзади илмҳои фалсафа, мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулоҳи Рӯдакӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки давлатҳо ба истиқлоли худ бо роҳҳои гуногун расида, баъзан метавонанд дар ин раванд ҳатто ба ягон мушкилоте рӯ ба рӯ нагарданд. Аммо ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли давлатӣ ва таъмини дурнамои рушди он ҳамеша кори хеле мушкилу душвор ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, таҳқиқи заминаҳои сохторӣ ва механизмҳои муассири таъмини дурнамои рушди соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан, аз нигоҳи фалсафа, имрӯз барои илми тоҷик як масъалаи хеле муҳим мебошад.

Дар илми муосир оид ба механизмҳои таҳкими минбаъдаи соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли давлатӣ, яъне дурнамои онҳо, ақидаҳои гуногун баён шудаанд. Аз ҷумла, дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳаққиқи тоҷик Заҳруддинов И. З. зикр кардааст, ки «нақши ниҳодҳои давлатӣ барои таъмини амнияти соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти ҳалкунанда доранд. Дар ҷаҳони муосир кишварҳо метавонанд оқибатҳои раванди ҷаҳонишавиро танҳо дар он ҳолат бартараф созанд, ки агар низоми ниҳодҳои давлатӣ пурра ташаккул ёфта, он устувор бошад. Аз ин рӯ, барои ҳифзу таҳкими истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосири ҷаҳонишавӣ амалисозии як қатор ҳадаф ва вазифаҳо зарур аст» [1, с. 129]. Вобаста ба ин, муҳаққиқи мазкур дар баробари рушди устувории низоми ниҳодҳои давлатӣ, инчунин, иҷрои чунин вазифаҳоро дар ин самт дар даврони ҷаҳонишавӣ муҳим шумурдааст, ки ба ақидаи мо, ҳамагӣ унсурҳои зарурианд: рушди ҳамаҷонибаи илм дар Тоҷикистон, амиқсозии демократикунонии минбаъдаи ҷомеаи тоҷикистонӣ, сиёсати дурусти кадрӣ, ташаккули фарҳанги сиёсии миллат ва элитаи сиёсии он, ташаккули ҳувияти миллӣ, бунёди идеология, ғояи миллӣ ва ғайра.

Оид ба андешаи Заҳруддинов И. З. дар бораи он ки барои таъмини дурнамои соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли давлатӣ, қабл аз ҳама, бояд маблағгузории соҳаи илм зиёд карда шавад, ҳаминро таъкид месозем, ки кор дар ин самт дар кишвари мо аллакай оғоз гардида, метавонад дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин аввалин самараҳои худро ба бор оварад. Чунонки маълум аст, дар таърихи 30 майи соли 2024 мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар баргузор гардид, ки дар он на танҳо вазъи маблағгузории соҳаи илм дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳлил гардид, балки супоришҳои махсус барои дар оянда зиёд намудани он ба Ҳукумати мамлакат дода шуданд, ки иҷрои онҳо метавонад нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин самт ба сатҳи кишварҳои пешрафтаи олам хеле наздик гардонад: «... маблағгузории соҳаи илм танҳо дар соли 2024-ум ба 225 миллион сомонӣ расонида шуд, ки назар ба соли 2023-юм 45 миллион сомонӣ зиёд мебошад... Бо вуҷуди ин, ба сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки ҷиҳати татбиқи нишондиҳандаҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 корро ба мақсади то охири муҳлати стратегия ба 1,5 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ расонидани ҳиссаи хароҷоти умумӣ ба соҳаи илм тақвият бахшанд» [6].

Ин тадбирҳо, албатта, на танҳо нақши илмро дар ҳаёти ҷомеаи тоҷикистонӣ боло мебаранд, балки ба тақвияти соҳибихтиёрӣ мерасонанд.

Доир ба амиқсозии демократикунонии ҷомеаи тоҷикистонӣ, ташаккули фарҳанги сиёсии ҷомеа, иродаи сиёсии роҳбарияти кишвар, зиракии сиёсии шаҳрвандон, ташаккули ҳувияти миллӣ, махсусан, «зарурати таҳияи идеологияи мушаххас бо мақсади муқовимат ба таъсирҳои манфии равандҳои муосири ҷаҳонишавӣ» [1, с. 150] ҳамчун механизмҳои таъмини дурнамои соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ низ, ки Заҳруддинов И. З. барои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ҷонибдории худро аз онҳо баён дошта, чунин андешаҳоро вобаста ба баъзе аз онҳо манзур месозем:

1) Идомаи демократисозии ҷомеаи Тоҷикистон воқеан ҳам як роҳи муҳимми таъмини дурнамои рушди соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ барои кишвари мо маҳсуб аст. Маҳз тавассути принсипҳои демократӣ метавон кафолат дод, ки дар Тоҷикистон рушди устувори инсон таъмин гардад. Принсипҳои демократия имконият медиҳанд, ки тамоми арзишҳои ақаллиятҳои миллӣ дар кишвар ҳифз гардида, бо такя ба мероси гаронбаҳои гузаштагон, ба монанди урфу одат, расму оин ва дигар арзишҳои миллӣ, озодона зиндагӣ кунанд. Тоҷикистон ҳамчун давлате, ки дар маркази тамаддунҳои мухталиф ҷой гирифтааст, пазируфтани принсипи демократия хеле зарурӣ мебошад. Ташкили давлати демократии ҳуқуқбунёд имкон намедиҳад, ки халқи тоҷик аз ҳалқаи инкишофи муосир берун барояд, балки ҳамеша ба дастовардҳо ва арзишҳои тамаддуни муосир ҳамшарик ва бо ин роҳ соҳибихтиёрии комил дошта бошад;

2) Таҳияи идеологияи мушаххас низ барои таъмини дурнамои соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Танҳо ин ҷо, ба андешаи мо, муқаррароти конститутсионӣ («Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад» [3] бояд аз лиҳози ҳуқуқӣ дуруст тафсир карда шаванд. Дар ин самт, аз нигоҳи мо, қабули консепсия дар бораи давлатдории миллӣ зарурат дорад, ки бояд ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта бошад. Ин имкон медиҳад, ки на санади идеологӣ ё мафкуравии ягон ҳизб ё иттиҳодия, чунонки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаву манъ шудааст, балки санаде, ки тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ таҳия ва қабул шудааст, ҳамчун дастури роҳнамо барои ташаккули идеологияи миллӣ дар кишвар ва таъмини дурнамои рушди соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатии он хизмат намояд;

3) Ташаккули фарҳанги сиёсии миллат ва элитаи сиёсии он имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то сатҳи муайян аллакай сурат гирифтааст. Албатта, дар ин самт мушкилот низ вуҷуд доранд, аммо ба андешаи мо, қабл аз ҳама, бояд оид ба масъалаи болоравии рисолати на танҳо элитаи сиёсӣ, балки дар маҷмуъ элитаи зеҳнии миллат дар рушди соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатии кишвар сухан равад. Дар ин мавзуъ, қабл аз ҳама, мо бояд ба таносуби психологияи ҷамъиятӣ ва идеологияи ҷамъиятӣ таваҷҷуҳ дошта бошем. «Идеологияи ҷамъиятро ба вуҷуд оварда, ҳатман баъзе унсурҳои зарурии психологияи ҷамъиятиро пурзӯр мекунанд, ё худ, баръакс, баъзе унсурҳои нолозими онро то ҳадди ақал заиф ё умуман маҳв месозанд» [2, с. 48].

Психологияи инсон бошад, на танҳо урфу одатҳо ва анъанаҳои халқ, балки манфиату рӯҳияи шахс, тарзи ҳаёт ва ҳатто таассубу хурофоти онро фаро мегирад. Имрӯз дар кишвари мо маҳз таассубу хурофот ба характери дунявӣ ва ҳуқуқбунёд доштани давлат таъсири манфӣ мерасонанд, ки бо авҷ гирифтани худ метавонанд ба соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ таҳдид намоянд. Аз ин рӯ, рисолати элитаи зеҳнии миллати мо бояд маҳз ба ташаккули психологияи солими шаҳрвандон тавассути бунёди идеологияи илман асосноки миллӣ ва болоравии фарҳанги сиёсии онҳо нигаронида шавад.

Вобаста ба дурнамои соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ дар тадқиқоти гуногуни илмии муосир назария ва андешаҳои мухталиф ҷой доранд, аз ҷумла, аз ҷониби муҳаққиқи россиягӣ Михеев В. А. низ ақидаҳои ҷолиб баён кардааст. Ӯ дурнамои рушди соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатиро дар даврони муосир зиддиятнок шумурда, бо сабаби пайдоиши сохторҳои фаромиллӣ ду роҳи мавҷударо дар ин самт муайян сохтааст: «Тартиботи муосири ҷаҳонӣ, тавсеаи робитаҳо бо ҷомеаи сиёсии ҷаҳонӣ, болоравии нақши сохторҳои фаромиллӣ ба вазъ ва иҷрои ваколатҳои давлат дар соҳибихтиёрии худ таъсири зиддиятнок мерасонанд. Аз як тараф, равандҳое, ки соҳибихтиёрии кишварҳоро паст мекунанд, шиддат мегиранд, аз тарафи дигар, давлатҳои зиёде ба таври ихтиёрӣ ва бошуурона ба ин маҳдудиятҳо розӣ шуда, як қисмати соҳибихтиёрии худро ба мақомоти фаромиллӣ вогузор мекунанд» [4, с. 309]. Дар ин ҷода, ба ақидаи мо, барои Тоҷикистон низ зарур аст, ки тавозунро нигоҳ дошта, барои таъмини дурнамои рушди соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатии худ сиёсати мобайнии мутавозинро пеш гирад. Ин ҷо, инчунин, ба назар гирифтани ҳолатҳое, ки уҳдадориҳои байналмилалии давлат боло гирифта метавонанд, ба манфиатҳои миллӣ созгор набошанд, муҳим аст. Масалан, аксарияти принсипҳои санадҳои байналмилалӣ ба принсип ва санадҳои миллӣ, ки дар муносибати байнидавлатӣ истифода мешуданд, аксарияташон моҳияти худро гум кардаанд ва бознигариро тақозо менамоянд. Дар ин росто, ба ақидаи мо, бартарият ба ҳуқуқи байналмилалӣ ё уҳдадориҳои байналмилалии давлат танҳо дар он сурат бояд дода шавад, ки агар онҳо ба манфиатҳои миллӣ мухолифат надошта бошанд.

Муҳаққиқони дигари россиягӣ дар дастури роҳнамои «Ҷанбаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии соҳибихтиёрии Федератсияи Россия» муттаҳид будани миллатро дар атрофи як идеяи умумӣ, аз ҳамдигар вобаста будани некуаҳволии давлат ва шаҳрванди алоҳида, иштироки фаъолонаи шаҳрвандонро дар корҳои давлатию ҷамъиятӣ шарти зарурии таъмини дурнамои рушди соҳибихтиёрӣ донистаанд. Муаллифони дастури мазкур дар мисоли Федератсияи Россия иҷрои чунин вазифаҳоро дар ин самт аввалиндараҷа меҳисобанд: таҳкими ваҳдати миллату давлат, болоравии самаранокии ҳокимияти давлатӣ тавассути таъмини захираи кадрҳои роҳбарикунанда, тақвияти иқтидори мудофиавии давлат, рушди бемайлони иқтисодӣ, таҳкими пояҳои давлати ҳуқуқбунёду ҷомеаи шаҳрвандӣ, ислоҳоти куллии низоми илму маориф, рушди соҳаи тандурустӣ ва таъмини дарозумрии аҳолии кишвар, зиёд намудани шумораи ҷойҳои корӣ ва нафарони қобили меҳнат ва ғайра. Барои расидан ба ин ҳадафҳо зарур аст, ки онҳоро ҳокимияти давлатӣ дар самти таҳкими соҳибихтиёрӣ дар санадҳои барномавӣ (консепсияҳо, барномаҳо, нақшаҳое чун «харитаи роҳ» ва ғайра) инъикос намояд [5].

Механизмҳои зикргардида на танҳо барои таъмини соҳибихтиёрии Россия, балки барои тамоми кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, албатта, бо дарназардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ, метавонанд чун механизмҳои мубрам ва мушаххасу муассир мавриди истифода қарор дошта бошанд. Аз ин лиҳоз, мувофиқи мақсад мебуд, агар дар кишвари мо стратегияи мушаххаси таҳкими соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ таҳия, қабул ва амалӣ мегардид. Дар чунин санад бояд тамоми паҳлуҳои таъмини соҳибихтиёрӣ, таҳкими ваҳдати миллат, таъмини самаранокии ҳокимияти давлатӣ, тарбияи кадрҳои роҳбарикунанда, тақвияти Артиши миллӣ, рушди иқтисодӣ, таҳкими пояҳои давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ислоҳоти низоми илму маориф, рушди тандурустӣ, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва амсоли инҳо ба назар гирифта шаванд.

Вобаста ба ин, оид ба нақши иҷрои стратегияҳои аллакай дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшуда барои рушди умумии кишвар ва аз ҷумла, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатии он сухан ронда, бояд ба эътибор гирифт, ки танҳо фаъолияти комплексӣ дар ин самт метавонад самарабахш бошад. Аз ҷумла, қадамҳои устувор дар роҳи рушд бояд ба таври мувозӣ (параллел) дар тамоми соҳаҳо гузошта шаванд: сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ. Ҳамзамон, ба таври мувозӣ бояд аз як ҷониб омилҳои ба рушди давлат таҳдидкунанда бартараф карда шуда, аз тарафи дигар, имкониятҳои мавҷуда мавриди татбиқ қарор гиранд. Барои мисол, метавон қайд намуд, ки тибқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» сатҳи муҳоҷирати бурунмарзии меҳнатӣ дар кишвари мо хеле баланд буда, ба ҳисоби миёна ҳар сол зиёда аз 600 ҳазор нафар ба ин раванд ворид мегарданд. Аз ин рӯ, коҳиш ёфтани интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар санади мазкур ҳамчун таҳдид ба рушди иқтисодии давлат ва мутаносибан, ба соҳибихтиёрии он арзёбӣ шудааст. Дар баробари ин, имкониятҳои демографии Тоҷикистон дар самти мазкур зиёданд, зеро дар он «афзоиши шумораи аҳолии синни қобили меҳнат барои суръат бахшидани рушди иқтисодӣ имконият фароҳам меоварад. Шумораи аксарияти аҳолӣ (тақрибан 60 фоиз) шаҳрвандони синни қобили меҳнатро (аз 15 то 64-соларо) ташкил медиҳанд, ки онҳо пешбарандаи рушди иқтисодӣ дар ҳолати таъмин гардидани иқтидори баланди касбии меҳнатӣ мешаванд» [7, с. 30]. Таваҷҷуҳ ба ин масъала ва ҳалли он, яъне бартараф сохтани таҳдидҳо бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, ба андешаи мо, як рукни муҳим барои таъмини амнияти молиявию иқтисодии ҷумҳурӣ дар роҳи рушди соҳибихтиёрии давлат мегардад.

Дар баробари стратегия ва барномаҳои татбиқшаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чор ҳадафи стратегӣ (раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар) низ гузошта шуда, барои расидан ба онҳо тадбирҳои назаррас амалӣ шуда истодаанд. Албатта, ҳамаи ин ҳадафҳо ба таҳкими пояҳои иқтисодии истиқлолияти давлатии кишвар ва рушди он мусоидат мекунанд.

Аз нуқтаи назари мо, бояд ба ҷанбаи иҷтимоии ин ҳадафҳо низ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад. Ин ҷо дар назар аст, ки бо бунёди роҳу пулу нақбҳо, неругоҳҳои барқӣ, роҳандозии кишоварзии интенсивӣ ва шаклҳои дигари пешрафтаю муосири он, бунёди корхонаҳои саноатӣ ва амсоли онҳо бояд ба масъалаи ташаккул ва афзоиш ёфтани намояндагони синфи миёна аҳаммияти бештар дода шавад. Аз нигоҳи фалсафаи иҷтимоӣ маҳз синфи миёна устувории низоми ҷамъиятӣ ва мутаносибан, соҳибихтиёрии давлатро таъмин сохта, яке аз унсурҳои рушди он ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода ҳақ ба ҷониби муҳаққиқи тоҷик Таваллоев М. Т. аст, ки қайд намудааст: «Муаллифони зиёд … устувории ҷомеаро бо синфи миёна рабт медиҳанд. Аз ин рӯ, чунин шумурда мешавад, ки вазифаи асосии синфи миёна ин устувору собит сохтан аст. Чунин тафсири ин вазифа ба маҷмуи комили унсурҳои устуворӣ дар ҷомеа алоқаманд карда мешавад (иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, идеологӣ ва ғайра). Нақши устувору собитсозии синфи миёна дар якчанд ҷанбаҳо зуҳур мекунад: дар раванди пастсозии шиддатҳои иҷтимоӣ ва амсоли он дар ҷомеа; дар фаъолияти намояндагони ин синф ҳамчун барандаи таҳаввулот дар кишвар; дар ташаккули идеология ва психологияи нави ҷамъиятӣ, ки ба шароити тағйирёфтаи ҳаёти иқтисодӣ мутобиқ карда шудааст» [8, с. 13]. Аз ин рӯ, ташаккул ва афзоиши синфи миёнаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди бадастории ҳадафҳои стратегӣ чун ҷузъи муҳимми ҳам иқтисодӣ ва ҳам иҷтимоӣ барои устуворӣ, таҳким ва рушди истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намудан мумкин аст.

Дар маҷмуъ, ҷумҳурии мо ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар самти ташаккулёбии соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ, бунёди давлатдории миллӣ ва ҷомеаи мутамаддин қадамҳои устувор гузошта истодааст. Дар давоми зиёда аз 35 сол Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ба муваффақиятҳои бузург ноил гаштааст, аммо вобаста ба дигаргуниҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мушкилот дар таҳкимёбии соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ низ ҷой дошта ва минбаъд низ пайдо хоҳанд шуд, ки аксуламали саривақтию муттасилро дар самти рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат дар сатҳи зарурӣ тақозо мекунанд.

Адабиёт

  1. Захруддинов, И. З. Государственная независимость и пути её укрепления в современных условиях глобализации (на примере Республики Таджикистан) [Текст]: дисс. … канд. полит. наук: 5.5.2 / Захруддинов Ильёсиддин Зиёваддинович. - Душанбе, 2023. - 179 с.
  2. Зиёӣ, Х. М. Сӣ мақола оид ба масъалаҳои иҷтимоию сиёсӣ дар Тоҷикистон [Матн] / Х. М. Зиёӣ. - Душанбе: Аржанг, 2021. - 222 с.
  3. Конституция Республики Таджикистан [Текст]. - Душанбе: Ганч, 2016. - 138 с.
  4. Михеев, В. А. Государственный суверенитет: политические аспекты обеспечения, проблемы, перспективы [Текст] / В. А. Михеев // Власть. - 2020. - № 6. - С. 308-314.
  5. Перспективы развития государственного суверенитета Российской Федерации в современных условиях. Политические и юридические аспекты государственного суверенитета Российской Федерации [Электронный ресурс]. - Режим доступа: https://studbooks.net/.../obschie_polozheniya_suverenitete (санаи истифодабарӣ: 24.07.2024).
  6. Раҳмон, Э. Суханронӣ дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар санаи 30 майи соли 2024 [Манобеи электронӣ]. - Низоми дастрас: https://prezident.tj/event/speeches/37699 (санаи истифодабарӣ: 25.07.2024).
  7. Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030. - Душанбе: Контраст, 2016. - 88 с.
  8. Таваллоев, М. Т. Проблемы и перспективы развития среднего класса в Республике Таджикистан (социально-философский анализ) [Текст]: автореф. дисс. … канд. филос. наук: 09.00.11 / Таваллоев Музаффар Тавакалшоевич. - Душанбе, 2019. - 22 с.



Ба рӯйхат