,
Сешанбе, 10-декабр
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯён таҳти унвони «Донишҷӯ ва пешрафти илму техника» баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдухолиқзода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, кормандони раёсати илм ва инноватсияи Вазорат, олимону омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Нахуст ҷаласаро Аҳлиддин Ибодуллозода оғоз бахшида, ҳозиринро ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ хайрамақдам гуфт.
Сипас муовини аввали вазири маориф ва илм Ҷӯразода Ҷамшед суханронӣ намуда, ҳозиринро бо Рӯзи илми тоҷик табрик намуда, зикр кард, ки баргузории ин гуна озмунҳои ҷумҳуриявӣ дастгирии ҷавонон ва қадрдонӣ аз хизмату заҳматҳои онҳо ба ҳисоб меравад.
Дар ҳақиқат, ҷавонони мо қувваи бузурги созандаанд ва маҳз бо ҳамин сабаб дар даврони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонони кишвар бамаротиб зиёд гардидааст,-таъкид кард муовини вазир.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки ба озмуни «Донишҷӯ ва пешрафти илму техника», ки имрӯз мо натиҷаҳои онро ҷамъбаст менамоем, беҳтарин навҷӯиву навовариҳои донишҷӯёни мо пешниҳод шуда, бо тӯҳфаҳои созмондодаи Кумитаи тадорукоти озмун қадрдонӣ мегарданд.
Озмуни ҷумҳуриявии корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвон “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ” аз соли 2016 инҷониб миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баргузор мегардад.
Имсол аз 23 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ 290 корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯён пешниҳод гардид, ки тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамон ба беҳтарин корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм пешбинӣ гардиданд.
Боиси хушбахтист, ки аз ҷониби донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ 43 корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба озмуни мазкур пешниҳод гардид, ки аз инҳо 15 нафар сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Ҳамин тавр, сазовори ҷойҳои якум дар бахши математика Мадиев Давлатхуҷа, донишҷӯи факултети физика ва математика, дар бахши иқтисодӣ Умаров Эмомалӣ, донишҷӯи факултети молиявию иқтисодӣ, дар бахши забони тоҷикӣ Давронова Савсан, донишҷӯи факултети филологияи тоҷик ва журналистика гардиданд.
Сазовори ҷойҳои дуюм дар бахши информатика Зуҳрои Даврон, донишҷӯи факултети физика ва математика, дар бахши иқтисодӣ Шарипова Сайҳона, донишҷӯи факултети молиявию иқтисодӣ, дар бахши адабиёти тоҷик Шарипов Аюбҷон, донишҷӯи факултети филологияи тоҷик ва журналистика, дар бахши рӯзноманигорӣ Тошматов Хусрав, донишҷӯи факултети филологияи тоҷик ва журналистика, дар бахши забони русӣ Музаффарова Сайёҳат, донишҷӯи факултети филологияи рус, дар бахши фалсафа Сафарзода Сироҷиддин, донишҷӯи факултети филологияи хориҷӣ, дар бахши педагогика Сайвализода Башорат, донишҷӯи факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг гардиданд.
Сазовори ҷойҳои сеюм дар бахши физика Қурбонзода Бобоҷон, донишҷӯи факултети физика ва математика, дар бахши химия Қурбонова Саида, донишҷӯи факултети химия ва биология, дар бахши таърих Исломова Фарида, донишҷӯи факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ гардиданд.
Ҳамзамон дар бахши забони англисӣ Саидов Шаҳриёр, донишҷӯи факултети филологияи хориҷӣ ва дар бахши педагогика Ҳалимаи Давлат, донишҷӯи факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг сазовори ҷойҳои ифтихори гардиданд.
Ба ғолибон аз ҷониби Вазорати маориф ва илм Диплом ва дигар тӯҳфаҳои созмондодаи кумитаи тадорукот тақдим гардид.