, Панҷшанбе, 10-сентябр

САВТИ ИСТИҚЛОЛ


САВТИ ИСТИҚЛОЛ

Шоми 7 сентябри соли 2026 дар саҳни бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси ансамбли «Гулрез»-и муассиса чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Савти Истиқлол» баргузор гардид.

Чорабинии мазкур ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори шаҳрвандӣ, тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва баланд бардоштани рӯҳияи идонаи сокинону меҳмонони шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихии мардуми Тоҷикистон заминаи муҳимми таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ба шумор меравад. Аз ин рӯ, арҷгузорӣ ба ин неъмати муқаддас ва тақвияти эҳсоси худшиносии миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Дар идомаи чорабинӣ аъзои ансамбли «Гулрез» бо барномаи рангину ҷолиби фарҳангӣ ҳунарнамоӣ намуда, ба сокинон ва меҳмонони шаҳри Кӯлоб лаҳзаҳои хотирмони идона эҳдо карданд. Сурудҳои ватандӯстона, таронаҳои миллӣ, рақсу навои дилангез ва дигар барномаҳои ҳунарӣ фазои чорабиниро боз ҳам муассиру хотирмон гардониданд.




Ба рӯйхат