,
Шанбе, 05-сентябр
Санаи 04 сентябри соли 2026 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун муассисаи пешбар муҳокимаи кори илмии унвонҷӯи кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ – Холов Сафобахш Санақуловро дар мавзуи “Ниҳоди Президент ҳамчун унсури асосии ҳокимияти давлатӣ: ташаккул ва рушди он дар низоми сиёсии Тоҷикистони муосир”, таҳти роҳбарии доктори илмҳои сиёсӣ Каримов Шамсиддин Турсунматович ва кори илмии унвонҷӯи кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Каримов Раҳматулло Рамазоновичро дар мавзуи “Дипломатия об ва ҷойгоҳи он дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон”, таҳти роҳбарии доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Қувватзода Сайдулло Зувайд, дар ҷаласаи кафедраи сиёсатшиносии факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ мавриди муҳокима қарор дод.
Дар муҳокимаи рисолаҳо кормандони раёсати илм ва инноватсия, ҳайати устодону омӯзгорони факултет, кафедраи сиёсатшиносӣ ширкат варзида, доир ба мазмун ва муҳтавои корҳои илмӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
Зимнан Муродова Гулчеҳра - номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ, Файзов Рамазон - номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи мазкур, Файзов Некрӯз - дотсент, баромад намуда, паҳлуҳои назариявӣ ва амалии рисолаҳоро таҳлил ва баҳогузорӣ карданд.