,
Шанбе, 05-сентябр
Санаи 4 сентябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ нахустин маҳфили Ҷамъияти илмии донишҷӯён дар соли таҳсили 2026–2027 таҳти унвони “Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун арзиши олии миллӣ ва сиёсӣ”, бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҳамоиш сардори маркази рушди касбият ва инноватсия Амиров Файзуллохуҷа, мутахассиси марказ Рузиева Барно ва донишҷӯёни фаъоли узви ҷамъияти илмӣ иштирок намуданд. Нахуст Амиров Файзуллохуҷа ҳозиринро бо оғози соли нави таҳсил ва ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, таъкид намуд, ки маҳфилҳои илмӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, рушди тафаккури таҳқиқотӣ ва тарбияи ҷавонони соҳибмаърифат нақши муҳим доранд.
Сипас, Қурбонализода Зокир - магистранти соли якуми ихтисоси кори бонкӣ дар мавзуи “Истиқлолияти давлатӣ ва таҳаввули арзишҳои миллӣ дар ҷомеаи муосир”, Саидзода Сайфурамо - донишҷӯи курси дуюми факултети физика, математика ва информатика дар мавзуи “Истиқлолияти давлатӣ ва масъулияти насли ҷавон дар рушди босуботи мамлакат” ва Гулбии Қурбоналӣ - донишҷӯи курси сеюми факултети филологияи тоҷик ва журналистика дар мавзуи “Мавзуи истиқлолият ва ватандӯстӣ дар “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ” маърӯзаҳои худро пешниҳод намуданд.
Зимни муҳокимаи маърӯзаҳо миёни иштирокчиён оид ба арзишҳои истиқлолу озодӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва нақши ҷавонон дар рушди устувори давлат мубодилаи афкор сурат гирифт. Таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ пояи асосии пешрафти илму маориф, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тарбияи насли ватандӯсту масъулиятшинос маҳсуб меёбад.
Дар фарҷоми маҳфил иштирокчиён ҷиҳати фаъолона иштирок намудан дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, омодагӣ ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва тақвияти фаъолияти Ҷамъияти илмии донишҷӯён барои соли таҳсили нав тавсияҳои судманд пешниҳод намуданд.