, Душанбе, 30-декабр

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД ВА ИДОРА

 27.04.2023 265

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД ВА ИДОРА

Имрӯз бо ташаббуси кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Дар семинар декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Расулова Лутфия, ҷонишини декан оид ба таълим Мирзоев Тоҳир, ҷонишини декан оид ба тарбия Гулов Рустам ва ҳайати омӯзгорон иштирок доштанд.

Нахуст декани факултет, дотсент Расулова Лутфия суханронӣ намуда, семинарро ҳусни оғоз бахшиданд.

Сипас ассистенти кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ Доутова Адиба дар мавзуи «Нақши амнияти озӯқаворӣ дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, қайд карданд: "Таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар ин бобат баҳри расидан ба аҳдофе, ки ба беҳтаршавии зиндагии сокинони кишвар мусоидат мекунанд, тадбирҳои зиёде андешида мешавад. Пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории кишвар муайян шудааст.

Ба ин мақсад масъалаҳои истифодаи оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳолати мелиоративӣ ва ҳосилнокии он, содироти меваю сабзавот, аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа ҳисоб шудаанд. Дар ин самт кори асосӣ бар ӯҳдаи вазорату муассисаҳои дахлдор ва кормандони соҳа вогузор шудааст".

Дар охир атрофи мавзуи мазкур миёни омӯзгорон мубодилаи афкор сурат гирифт ва аҳли нишаст фикру андешаи худро баён намуданд.




Ба рӯйхат