,
Ҷумъа, 04-сентябр
Имрӯз, 31 августи соли 2026, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи васеи Шурои олимон дар оғози соли таҳсили 2026-2027 бо иштироки роҳбарияти донишгоҳ, ҳайати Шурои олимон, мудирони кафедраҳо ва дигар масъулони сохторҳои муассиса баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои калидии марбут ба соли нави таҳсил мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷаласаро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафарзода Мунир Ватан оғоз намуда, дар сухани муқаддимавии худ ҳайати Шурои олимон ва тамоми ҳозиринро бо фарорасии соли нави таҳсил, «Рӯзи дониш» ва ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ- 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику шодбош гуфт.
Ҳамчунин ҳозиринро ба иҷрои саривақтӣ ва сифатноки дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни Мулоқот бо аҳли маориф бахшида ба «Рӯзи дониш» баён доштанд, даъват намуд. Дар ин масир изҳори умед карда шуд, ки ҳайати устодону кормандони донишгоҳ ҳидоятҳои ҳикматомӯзи Сарвари давлатро сармашқи кору фаъолияти ҳамарӯзаи хеш қарор дода, дар иҷрои рисолати пуршарафи омӯзгорӣ содиқона амал хоҳанд намуд.
Дар идомаи суханронӣ, раиси ҷаласа масъалаҳои рӯзномаи фаъолияти Шуроро ба аъзо ва ҳозирин расонид ва ҷаласа тибқи нақшаи тасдиқшуда идома ёфт:
Дар муҳокимаи ин масъала гузориши муовини ректор оид ба илм ва инноватсия шунида шуд. Дар нақша самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, рушди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ҷалби бештари донишҷӯён ба фаъолияти илмӣ ва вусъати равандҳои рақамикунонӣ муайян гардида, аз ҷониби аъзои Шуро якдилона ҷонибдорӣ ва тасдиқ карда шуд.
Оиди ин масъала гузориши муовинони ректор, сардорони раёсатҳо ва садорати факултетҳо шунида шуд. Таъкид гардид, ки ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо тантанаи сазовор, чорабиниҳои бошукӯҳи илмию фарҳангӣ ва дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ гузаронида шавад.
Сатҳи омодагии сохторҳо, факултетҳо ва кафедраҳо ба оғози соли таҳсил мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар ин замина гузориши сардорони раёсатҳо ва садорати факултетҳо шунида шуда, доир ба тадбирҳои амалӣ барои беҳсозии фазои таълим, мукаммалсозии маводи методӣ ва танзими раванди дарсҳо маълумоти пурра пешниҳод гардид.
Дар муҳокимаи ин масъала гузориши роҳбарони сохторҳо шунида шуда, таъкид гардид, ки ҳамаи сохторҳо барои дар сатҳи баланд ташкил намудани «Дарси сулҳ» ва чорабиниҳои идонаи Рӯзи дониш сафарбар карда шаванд.
Дар ин бахш аз ҷониби роҳбарони сохторҳо чанд масъалаи ҷорӣ оид ба танзими раванди таълиму тарбия ва интизоми меҳнат баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Ректори донишгоҳ дар поёни ҷаласа супоришҳои мушаххас, аз ҷумла, ҷиддӣ ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия, таҳкими фаъолиятҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ҷалби донишҷӯён ба ҳаёти фарҳангию маънавии донишгоҳ ва вусъати корҳои тарбиявӣ бо дарназардошти талаботи замони муосир ва вазифаҳои муҳимро барои соли таҳсил ироа намуд. Таъкид шуд, ки тамоми ҳайати омӯзгорон ва мудирони кафедраҳо бояд дар самти иҷрои ин вазифаҳо масъулиятшинос ва ташаббускор бошанд.