,
Ҷумъа, 04-сентябр
31 августи соли 2026 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии супоридани мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ ба намояндагони касбу соҳаҳои гуногун баргузор гардид. Дар ин маросими бошукӯҳ Ҳусайнзода Руҳуллоҳ Салоҳуддин-муаллими калони кафедраи математика ва методикаи таълими математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, барои дастовардҳои назаррас ба Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2026 сарфароз гардонида шуд.
Ин дастоварди арзишманд нишони эътирофи баланди фаъолияти самараноки илмӣ ва омӯзгорӣ, саҳми шоиста дар рушди фанҳои дақиқу риёзӣ ва тарбияи насли соҳибмаърифат мебошад. Ҷоизаи мазкур на танҳо мояи ифтихори устод, балки дастоварди арзандаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ҷомеаи илмии он маҳсуб меёбад.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ устоди гиромӣ Ҳусайнзода Руҳуллоҳ Салоҳуддинро аз номи ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ ба муносибати ин дастоварди пуршараф самимона табрик намуда, барояшон тансиҳатии комил, неруи тоза, фаъолияти пурсамари илмӣ ва омӯзгорӣ, дастовардҳои нави эҷодиву илмӣ ва дар идомаи фаъолияти пуршараф комёбиҳои беназирро орзу менамояд.