, Сешанбе, 01-сентябр

35 СОЛИ ЗАФАРҲОИ ДАВЛАТСОЗӢ ВА ДАРСҲОИ ХЕШТАНШИНОСӢ


35 СОЛИ ЗАФАРҲОИ ДАВЛАТСОЗӢ ВА ДАРСҲОИ ХЕШТАНШИНОСӢ

Ба наворҳои Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон нигариста, гоҳе аз худ мепурсем, ки кадом фариштаи некхоҳу раҳмдил ба нияти арвоҳи гузаштагонамон аз миёни ҳама тоҷикон интихобаш ба шахсияте рост омад, ки дар умқи дил як ҷаҳон зеҳни хоси нобиғаи давлатсозӣ ниҳон дорад ва он фариштаи некхоҳ дар сари маврид ин дарёфти бемислашро ба Худо расонд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замири огоҳи худ пеш аз ҳама ҳикматеро дарёфта буданд, ки ормонҳои хештаншиносии миллӣ дар тамаддуни мардумон бояд ҷойи марказиро доро бошад. Яке аз роҳҳои асосии ба хештаншиносии миллӣ расидан омӯхтан ва дарки дурусти таърихи миллат мебошад.

Мутаассифона, на ҳама мардумони мо таърихи ҳазорсолаи миллати тоҷикро омӯхтаанд ва бахусус на ҳама саргузашти тоҷиконро дар солҳои 90-уми асри гузашта метавонанд мавриди таҳлили дуруст қарор диҳанд.

Ман яке аз шоҳидони саршавии низои байни тоҷикон дар солҳои 90-ум мебошам ва то ҳанӯз ваҳшати он ҷанг аз ёдам нарафтааст.

Чун рӯзҳои сиёҳи ҷанги шаҳрвандӣ пеши назарам меоянд, ғаму андӯҳи он рӯзгорони парешониро аз нав эҳсос мекунам. Ватан аз марги даҳҳо ҳазор ҷавонони бегуноҳ гӯё дар нола буд. Андаке монда буд, ки кишвари азизамон пора-пора гардад. Дар он шабу рӯзҳои фоҷиабор ҷойи меҳру муҳаббатро кинаву адоват, амалҳои зишти сиёҳкорону бадхоҳон пахш карда буд. Ҷанги таҳмилии ба сари фарзандони як падар омада чӣ қадар хонаҳоро харобу чӣ қадар фарзандонро ташнаи дидори волидон ва волидонро ашкрезони интизори роҳи фарзандон сохта буд. Он шабу рӯзҳо аз ҳар як хонаи мардуми Хатлонзамин нолаю ғиреви ҷонгудози модарони фарзандгумкарда, ҳамсарони бахтбаргашта, тифлони сағирмонда ба осмон дакка мехӯрд. Ин ҳақиқати талху фоҷиабори халқи тоҷикро шоири шаҳир Саидҷон Ҳакимзода дар шеъри худ «Дар сари қабри шаҳидон» бо сӯзу гудоз чунин баён кардааст:

Оҳ, аз лолаи пажмурдаи боғу чаманам,

Оҳ, аз сад тани печидаи гулгункафанам.

Оҳ, аз ҷанги бародаркушии ҳамватанон,

Ҳамчунон бӯғма бишуд талх шакар дар даҳанам.

Ҳар қадар рӯзи сиёҳи ту кашидам фарёд,

Чӣ кунам, ки нарасиданд ба қадри суханам.

Ин сатрҳои пурсӯзу аламовар бозгӯи воқеаҳои талхи ба сари миллати мо омада мебошанд, ки ҳоло ҳам ба дили хонанда асар доранд.

Хурду бузург дар он рӯзҳои сиёҳ дар сар як андеша доштанд: «Оё бори дигар рӯзҳои нек ва хушбахтиро медида бошем?». -Ин суоле буд фарогири тамоми ҳастии мо-донишҷӯёни нав ба остонаи донишгоҳ қадаммонда. Ҷои даври зебои ҷавонию комрониро андӯҳу ғаму кулфати ба сари мардуми азизамон овардаи гурӯҳҳои ҷангҷӯю ҷоҳталаб, мансабхоҳу тафриқаандоз дар атрофи «Ҳизби террористии наҳзати ислом» гирдомада гирифта буданд.

Воқеан, ин ҳизб, ки чун буқаламун рангашро дигар карда, дар Аврупо паноҳ бурдааст, имрӯз бо номи кадом як ҳаракати озодихоҳӣ аз комёбиҳои ҳамтоёни афғонистонии худ бо номи «Толибон», ки одитарин ҳуқуқи занону духтаронро поймол мекунанд, хушнуд мебошад ва аз тариқи расонаҳои хабарии электронӣ ба онҳо дуруд мефиристад. Заррае парво надоранд, ки ҳамин гурӯҳҳои таассубгарои иртиҷоӣ чанд сол қабл мактаби духтаронаро тарконда, 85 духтараки 12-14-солаи тоҷикони Афғонистонро нобуд карда буданд.

Боиси таассуф аст, ки чунин ҳодисаҳою воқеаҳои даҳшатангез дар ҷомеаи Афғонистони кунунӣ то ҳоло ҷой дошта, қувваҳои аҳриманӣ дар ин сарзамини ба мо хешу наздик тантана доранд. Тоҷикистон бо ин сарзамини ҷангзадаю ноором ҳамсоякишвар аст. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишварамон бояд ҳамеша аз эҳтиёту зиракии сиёсӣ кор гирад, пайваста ба он азму талош дошта бошад, ки якпорчагию ваҳдату истиқлолияти ватанамонро, ки бо чӣ миқдор мушкилиҳо ба даст омадааст, нигоҳ дорад, марзу буми онро ҳифз карда тавонад, ҳар порча замини онро муқаддас шуморад ва дар тарбияи насли наврасу ҷавони кишвар эҳсоси баланди масъулият дошта бошад.

Хушбахтона, нерӯҳои амниятии кишвари озоди тоҷикон дар замони имрӯз тамоми тавоноӣ ва ҳушёриро соҳибанд, ки бар даҳони ҳар бадхоҳи оромиву осудагии халқамон мушти обдор зананд.

Дар тафовут бо ин сиёҳпешагони бадандеш, Тоҷикистони мо бо Сарвари хирадманду маорифпарвари хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаб, донишгоҳ ва кӯдакистон месозад. Чуноне ки ҳамарӯза ба мушоҳида мерасад, дар пойтахт, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру навоҳии кишвари азизамон корхонаҳои нави саноатӣ, роҳҳою пулҳо, нақбҳою нӯругоҳҳои барқию обӣ, беморхонаю клиникаҳои табобатӣ, муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, қасрҳои маданияту театрҳои замонавӣ, хонаҳои истиқоматию иморатҳои таъйиноти низомию ҳарбӣ ва даҳҳо иншооту коргоҳҳо сохта мешаванд, боғҳою сардхонаҳо ва гармхонаҳо бунёд мегарданд.

Албатта, ҳадафи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмию техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

Ва ин азми бебаргашти Пешвои миллат аз рӯзҳои нахустини давлатсозии давлати навини тоҷикон оғоз гардида, то имрӯз ривоҷу равнақи бештар гирифтааст. Ҳамин аст, ки дар давоми 35 соли Истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳуриамон садҳо муассисаи таълимӣ ва биноҳои иловагӣ бо тарҳи наву замонавӣ бунёд ва ба истифода дода шудаанд. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби бюджети давлат дар кишвар садҳо адад иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шуданд, ки як идда аз онҳо бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардиданд ва минбаъд низ ин ташаббус идома меёбад.

Мо боварии пурра дорем, ки ҳама рӯзҳои аз ин ҳам беҳтар дар пешанд ва Роҳбари тадбирёб ва оянданигарамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро ба сӯйи қуллаҳои нави зиндагии шоиста раҳнамоӣ мекунад. Он рӯз дур нест, ки дар кишвари мо ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумат-саноатикунонии мамлакат низ чун ҳадафҳои дигари пешбарандаи ҷомеаи тоҷикон дар ояндаи наздик дар амал татбиқ мегардад. Барои ин мо-омӯзгорон ва донишмандонро зарур аст, ки ҳар соати дарисии худ ва ҳар лаҳзаи суҳбати хешро барои босаводу ватанпарвар кардани донишҷӯён равона созем.

Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубораку фархунда бод!

Ашурова Нодира – доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат