, Сешанбе, 01-сентябр

ҚАҲРАМОНИ ҶАҲОН - ДОНИШҶӮИ ДДК


ҚАҲРАМОНИ ҶАҲОН - ДОНИШҶӮИ ДДК

Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯи курси 4-уми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Мустафои Абдулфайз дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини қазоқ-қураш, ки рӯзҳои 22-23 август дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид, дар вазни то 66 кг ҳамаи рақибонашро мағлуб намуда, соҳиби медали тилло ва унвони Қаҳрамони ҷаҳон гардид.

Ин пирӯзии арзишманд самараи заҳмати пайваста, машқу тамрини мунтазам, иродаи қавӣ ва маҳорати баланди варзишии Мустафои Абдулфайз буда, барои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва кулли варзишгарони кишвар мояи ифтихор мебошад.

Раёсати донишгоҳ Мустафои Абдулфайз ва устодону мураббиёни ӯро ба ин дастоварди бузург самимона табрик гуфта, дар мусобиқаҳои минбаъдаи байналмилалӣ пирӯзиҳои наву комёбиҳои бештар орзу менамояд.

Парчами Тоҷикистони азиз дар арсаҳои ҷаҳонии варзиш ҳамеша баланду парафшон бод!




Ба рӯйхат