, Чоршанбе, 29-июл

НИШАСТИ МАТБУОТӢ: ҶАМЪБАСТИ НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2026 ДАР ДОНИШГОҲ


Фото 2
Фото 3
Фото 4
Фото 5

Имрӯз (29.07.2026) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мутобиқи Нақшаи тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.06.2026 ва дастури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 08.07.2026, №7/49 нишасти матбуотӣ вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти муассиса дар нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои телевизионӣ, рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, агентиҳои иттилоотӣ ва хабарнигорони расонаҳои маҳаллию ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд.

Нишастро ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафарзода Мунир Ватан ифтитоҳ намуда, ҳисоботи муфассалро оид ба натиҷаҳои фаъолияти донишгоҳ дар нимсолаи якуми соли 2026 пешниҳод кард. Зикр гардид, ки дар ҳошияи истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои донишгоҳ дар 35 банди рамзӣ манзури намояндагони воситаҳои ахбори омма гардонида мешавад. Ҳисобот бо истифода аз рӯнамо (презентатсия), маълумоти таҳлилӣ ва омори расмӣ таҳия гардида, тамоми самтҳои муҳими фаъолияти донишгоҳ - таълим, илм ва инноватсия, тарбия, муносибатҳои байналмилалӣ, корҳои ободониву хоҷагидорӣ ва дастовардҳои устодону донишҷӯёнро дар бар гирифт.

Зимни ироаи ҳисобот ректори донишгоҳ таъкид намуд, ки ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ фаъолияти худро бо такя ба сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондаанд. Дар ин замина, тамоми иқдомҳои донишгоҳ ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди илм, омодасозии мутахассисони рақобатпазир ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ равона гардидааст.

Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти донишгоҳ мутобиқи нақшаи тасдиқшуда ба роҳ монда шуда, 11 ҷаласаи Шурои олимон баргузор гардида, 45 масъалаи муҳим баррасӣ гардид. Ҳамзамон, вазъи таълим, илм, тарбия, сифати таҳсил, муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуҷҷатнигорӣ ва корҳои хоҷагӣ дар факултетҳо ва кафедраҳо мавриди санҷиш қарор гирифта, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

Боиси ифтихор арзёбӣ гардид, ки дар доираи тадбирҳои созандагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди бинои нави таълимӣ ва хобгоҳи муосири 10-ошёна барои омӯзгорону донишҷӯён аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ бомаром идома дорад.

Дар қисмати дастовардҳо таъкид гардид, ки дастаи олимпии донишгоҳ дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо ба даст овардани 15 ҷой (2 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм, 5 ҷойи сеюм ва 2 ҷойи ифтихорӣ) миёни 46 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сазовори мақоми дуюм гардид, ки аз муҳимтарин дастовардҳои нимсолаи аввали соли ҷорӣ маҳсуб меёбад.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки барои 100 нафар омӯзгор дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси такмили ихтисос ташкил гардид.

Дар самти густариши ҳамкориҳои байнимуассисавӣ ва рушди табодули академӣ низ корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Дар ду давраи соли таҳсили 2025-2026 дар маҷмуъ 56 нафар донишҷӯи донишгоҳ барои таҳсил ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода сафарбар гардиданд. Ин иқдом барои баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ, мубодилаи таҷрибаи таълимӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар аҳамияти муҳим дорад.

Дар доираи сиёсати таҳкими худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ донишгоҳ як силсила ҳамоишҳои илмӣ-маърифатиро бо иштироки олимону коршиносони маъруф баргузор намуд, ки ба масъалаҳои ватандорӣ, таърихи тоҷикон ва муқовимат ба таҳдидҳои замони муосир бахшида шуда буданд.

Дар идомаи ҳисобот оид ба фаъолияти таълимӣ иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар донишгоҳ 63 ихтисос амал намуда, шумораи умумии донишҷӯён ба 10032 нафар расидааст. Натиҷаи сессияи тобистонаи хатмкунандагони шуъбаи рӯзона 83 фоизро ташкил дода, сифати таҳсилот низ нисбат ба соли гузашта беҳтар гардидааст.

Бо мақсади таҳкими заминаи моддию техникӣ 58 синфхона пурра таъмиру таҷдид гардида, дар доираи иқдоми донишгоҳии «Пайванди наслҳо» 33 синфхона, як қатор лабораторияҳо ва озмоишгоҳҳо таҷдид шуда, ба номи устодони собиқадори донишгоҳ гузошта шуданд.

Ҳамзамон, барои рушди малакаҳои касбии омӯзгорон дар маркази таълимӣ-машваратии «Дурахшон» курсҳои ройгони омӯзиши забонҳои хориҷӣ ташкил гардида, пахши дарсҳои видеоӣ тавассути сомонаи донишгоҳ оғоз гардид. Дар самти таҷрибаомӯзии донишҷӯён бошад, дар панҷ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва Телевизиони Кӯлоб кабинетҳои методӣ-таҷрибаомӯзӣ таъсис дода шуданд, ки чунин таҷриба дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар нахустин арзёбӣ гардид.

Дар самти дастовардҳои илмӣ зикр шуд, ки дотсенти кафедраи журналистика Алишери Абдулмаҷид бо Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ сарфароз гардонида шуд. Инчунин, Исоева Фариза ва Назаров Аминҷон соҳиби Нахустпатент барои ихтирои «Дастгоҳи шустушӯйи ғалладона (AgroTaj)» гардида, омӯзгорон Ёрмадов Рустам, Досаев Суҳроб ва Хоҷаев Илҳом барои ихтирооти худ соҳиби шаҳодатномаҳои патентӣ шуданд.

Боиси ифтихор ва шарафмандӣ дониста шуд, ки дар ҷаласаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар самти омодасозии кормандони илмии тахассусӣ Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мақоми 7-умро касб намуд. Ҳамзамон, аз рӯйи нишондиҳандаи фаъолияти муассисаҳо ҳамчун муассисаи тақриздиҳандаи рисолаҳои илмӣ донишгоҳ сазовори мақоми 5-ум гардид.

Дар самти илм ва инноватсия қайд гардид, ки 493 нафар омӯзгор, ё 96 фоизи ҳайати омӯзгорон, ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул мебошанд. Дар нимсолаи аввал 14 нафар омӯзгор рисолаи номзадии худро ҳимоя намуда, 6 нафар соҳиби унвони илмии дотсент гардиданд.

Бо мақсади ҳавасмандгардонии фаъолияти илмӣ, дастгирии муҳаққиқон ва афзоиши шумораи рисолаҳои илмии ҳимояшаванда, раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки аз 1 сентябри соли 2026 ҳаҷми мукофотпулӣ барои дифои рисолаи докторӣ аз 20 000 сомонӣ ба 30 000 сомонӣ зиёд карда шавад. Ҳамзамон, дар доираи татбиқи солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои муҳаққиқони ин самтҳо ҳавасмандгардонии махсус муқаррар гардида, маблағи мукофотпулӣ барои дифои рисолаи номзадӣ 10 000 сомонӣ ва барои дифои рисолаи докторӣ 40 000 сомонӣ муайян карда мешавад. Ин иқдом ба рушди иқтидори илмӣ, ҷалби муҳаққиқони ҷавон ва тақвияти таҳқиқоти илмии самтҳои афзалиятнок мусоидат хоҳад кард.

Дар давраи ҳисоботӣ олимону омӯзгорон 1 китоби дарсӣ, 10 монография, 26 дастуру васоити таълимӣ, беш аз 129 мақола дар маҷаллаҳои КОА ва 329 мақола дар конференсияҳои гуногун нашр намуданд. Дар донишгоҳ 67 чорабинии илмӣ баргузор гардида, фаъолияти маҳфилҳои илмии донишҷӯён низ назаррас арзёбӣ гардид.

Дар самти тарбия зиёда аз 111 чорабинии сиёсӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ баргузор гардида, озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона намуда, 56 нафар аз кормандону донишҷӯёни донишгоҳ ба даврҳои вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Аз аумла: «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» - 13 нафар (1 омӯзгор ва 12 донишҷӯ); «Илм - фурӯғи маърифат» - 30 нафар (2 омӯзгор, 3 магистрант ва 25 донишҷӯ); «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» - 4 нафар донишҷӯ; «Шоҳномахонӣ» - 6 нафар (3 омӯзгор ва 3 донишҷӯ); «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» - 3 нафар донишҷӯ.

Дар самти варзиш низ дастовардҳои назаррас ба қайд гирифта шуданд. Аз ҷумла, Мустафои Абдулфайз дар мусобиқаи Ҷоми Осиё оид ба гӯштини кураш миёни калонсолон сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра гардид. Дар маҷмуъ донишҷӯёни донишгоҳ дар 82 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ иштирок намуда, 24 медали тилло, 43 медали нуқра ва 32 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар самти густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ донишгоҳ фаъолияти худро боз ҳам тақвият бахшида, дар давраи ҳисоботӣ бо 16 муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ аз Британияи Кабир, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонид. Ин санадҳо барои рушди табодули академии омӯзгорону донишҷӯён, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ, баргузории конфронсҳои байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳои байнидонишгоҳӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, мавқеи донишгоҳро дар фазои байналмилалии таҳсилоти олӣ боз ҳам таҳким мебахшанд.

Ҳамзамон, дастовардҳои донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ бо қадрдонии созмонҳои бонуфуз низ арзёбӣ гардиданд. Аз ҷумла, раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ барои саҳми арзишманд дар рушди касбии омӯзгорони забони англисӣ ва дастгирии фаъоли барномаҳои таълимии байналмилалӣ аз ҷониби Шурои Амрико оид ба маорифи байналмилалӣ (American Councils for International Education) бо Сипоснома сарфароз гардонида шуд. Дар матни сипоснома таъкид шудааст, ки иштироки фаъоли омӯзгорони донишгоҳ дар барномаҳои Маркази захираҳои виртуалии забони англисӣ (V-ERC), вебинарҳо ва чорабиниҳои омӯзишӣ дар такмили маҳорати касбӣ, рушди забономӯзӣ ва таҳкими фарҳанги омӯзиши пайваста саҳми назаррас гузоштааст.

Дар самти корҳои ободониву хоҷагидорӣ болопӯши толори фарҳангӣ ва толори варзишӣ азнавсозӣ гардида, бинои факултети география ва иқтисоди рақамӣ таъмир, фаввораҳои назди бинои маъмурӣ навсозӣ ва дар ҳудуди донишгоҳ системаи мустақили таъмини оби полезӣ насб карда шуд. Ҳамзамон, дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи С. Вализода корҳои ободонӣ вусъат ёфта, 646 ҷуфт мизу курсӣ, 76 курсии мулоим, 13 ҷевон ва 6 тахтаи синфӣ таъмир гардида, ба 26 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру минтақаи Кӯлоб ҳамчун кумаки ройгон тақдим карда шуданд.

Дар анҷоми ҳисобот ректори донишгоҳ самтҳои афзалиятноки фаъолияти минбаъдаро муайян намуда, омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими худшиносии миллӣ, таъсиси ихтисосҳои нав, густариши табодули академӣ, зиёд намудани ҳимояи рисолаҳои илмӣ, рушди фаъолияти ихтироъкорӣ ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалиро аз вазифаҳои муҳими давраи оянда арзёбӣ намуд.

Дар қисмати суолу ҷавоб намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба самтҳои гуногуни фаъолияти донишгоҳ суолҳо пешниҳод намуда, аз ҷониби роҳбарияти муассиса ҷавобҳои муфассал гирифтанд.

Дар фарҷоми нишаст ректори донишгоҳ Сафарзода Мунир Ватан ба намояндагони воситаҳои ахбори омма барои ҳамкориҳои созанда изҳори миннатдорӣ намуда, онҳоро ба ҳамкории боз ҳам густурда ҷиҳати инъикоси дастовардҳои донишгоҳ ва омодагии шоиста ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд.




Ба рӯйхат