, Душанбе, 20-июл

НАБЗИ ПИРЯХҲО: ЧАРО НАҶОТИ ОНҲО РИСОЛАТИ ТАЪРИХИИ ИНСОНИЯТ АСТ?


НАБЗИ ПИРЯХҲО: ЧАРО НАҶОТИ ОНҲО РИСОЛАТИ ТАЪРИХИИ ИНСОНИЯТ АСТ?

Тағйирёбии иқлим дар ҷаҳони муосир на танҳо як мушкилоти экологӣ, балки таҳдиди ҷиддӣ ба ояндаи тамаддуни башарӣ маҳсуб меёбад. Ин падида маҷмӯи дигаргуниҳои амиқ, аз болоравии ҳарорати ҳаво, суръат ва самти вазиши шамол, коҳиши боришоти мавсимӣ, давраҳои тӯлонии хушксолӣ ва биёбоншавӣ сар карда, то афзоиши газҳои гармхонагӣ, муҳоҷирати иқлимӣ ва маҳв шудани намудҳои нодири набототу ҳайвонотро дар бар мегирад.

Гармшавии глобалӣ, ки имрӯз шоҳиди он ҳастем, суръати бесобиқа дорад. Ҳарчанд иқлими Замин дар тӯли садсолаҳо ба таври табиӣ тағйир ёфта, давраҳои сармову гармо ҳамдигарро иваз мекарданд, вале омили асосии гармшавии босуръати асри охир - фаъолияти бесобиқаи технологӣ, рушди саноати вазнин ва дахолати мустақими инсон ба табиат мебошад, ки боиси ифлосшавии шадиди атмосфера гардидааст.

Пешгӯиҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки болоравии ҳарорати ҳаво ба андозаи ҳамагӣ 2-3оС раванди обшавӣ ва таназзули пиряхҳоро даҳчанд суръат бахшида, боиси комилан аз байн рафтани ҳазорҳо пиряхҳои хурд мегардад. Ин раванд аллакай оғоз ёфтааст: дар давоми 30 соли охир дар Тоҷикистон зиёда аз 1000 пиряхи хурд маҳв шудаанд.

Пиряхҳо на танҳо боигарии табиӣ, балки сарчашмаи асосии ҳаёт ва захираи беназири оби ширину мусаффои сайёра мебошанд. Барои минтақаи мо ин масъала ҳаётан муҳим аст, зеро беш аз 60 фоизи обҳои Осиёи Марказӣ аз пиряхҳо ва ағбаҳои барфпӯши Тоҷикистон сарчашма мегиранд.

Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти обиву иқлимии сайёра нақши калидӣ ва пешбаранда дорад.

Ҳанӯз дар моҳи марти соли 2021, зимни нахустин ҷаласаи Панели сатҳи баланди Эътилофи обу иқлим, Сарвари давлати мо бо нигаронии амиқ ҳушдор дода буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар канори афзоиши масрафи об (ки аз рушди демографӣ ва иқтисодӣ сар мезанад) метавонад боиси фоҷиаҳои бузурги башарӣ гардад.

Барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин хатар, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки: соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад; рӯзи 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардад; дар назди СММ Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис ёбад. Ин ташаббуси бузурги башардӯстона 14-уми декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми худ бо якдилона ва бо пуштибонии 153 кишвари ҷаҳон тавассути Қатъномаи махсус қабул гардид.

Ин панҷумин қатъномаи ҷаҳонӣ дар соҳаи обу иқлим аст, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф мешавад. Ин комёбӣ собит месозад, ки Тоҷикистон дар ин масири тақдирсоз дар байни давлатҳои абарқудрати ҷаҳон мавқеи пешсафро ишғол мекунад.

Обшавии пиряхҳо таҳдидест, ки марзҳои сиёсиро намешиносад ва ба ҳаёти ҳар як сокини сайёра таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо роҳнамои сиёсати берунӣ, балки сармашқи кори ҳаррӯзаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд бошад.

Мо вазифадорем, ки кӯшишҳои худро барои тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, сарфакорона истифода бурдани об ва коҳиш додани партовҳо равона кунем;  фарҳанги истифодаи захираҳои табииро дар зеҳни насли наврас парвариш намоем; ба раванди кабудизоркунӣ ва шинонидани дарахтон, ки ба устувории иқлими маҳаллӣ кӯмак мекунанд, саҳм гузорем.

Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем иқдомҳои инсондӯстонаи Сарвари давлати худро дастгирӣ намуда, кишвари зебои худро аз паёмадҳои нохуши тағйирёбии иқлим ҳифз кунем ва ин ганҷинаи бебаҳоро ба наслҳои оянда солим мерос гузорем.

Иброҳимова Рухшона, дотсент, декани факултети география ва иқтисодиёти рақамии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат