,
Душанбе, 20-июл
ТОҶИКИСТОН - ПЕШБАРАНДАИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ СУЛҲҶӮЁНА ДАР ҶАҲОН
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳафтаи охири моҳи июн тантанаҳои идона ва ҳамоишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва маърифативу илмӣ ба ифтихори ҷашни пуршукӯҳи Ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола 27-уми июн дар саросари кишвар таҷлил карда мешавад, баргузор гардида, халқи тоҷик бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати сартосарӣ аз ин ҷашни умумимиллӣ истиқбол гирифтанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи шарифи Тоҷикистонро бо ҷашни Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуда, дар рӯзҳои таҷлил аз ин ҷашни пуршукӯҳ аз қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, барои солҳои 2027-2036” аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид хабар дода, мардуми саодатманди тоҷикро дар арафаи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ бо ин дастоварди беназир, ки аз эътибори ҷаҳонии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гувоҳӣ медиҳад, табрик намуданд.
Қобили қайд аст, ки 24 сентябри соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуда, зимни баромади хеш аз вазъи мураккабу пурҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид намуда, иброз доштанд, ки: “Имрӯз ҷаҳон дар шароити хеле ҳассосу мураккаб қарор дорад. Равандҳои пуртазоди геосиёсӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, шиддат гирифтани “ҷанги сард”, низоъҳои мусаллаҳона, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ, бешубҳа, оқибатҳои манфии дарозмуддат хоҳанд дошт”.
Вобаста ба ин, Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, ки таъмини сулҳи пойдору ҳаёти осоиштаи инсоният ва пешрафти кишварҳо пеш аз ҳама дар асоси созишу ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда фароҳам мегардад. Дар ин росто, Пешвои миллат бо мақсади дастрасӣ ва хотима бахшидан ба ҳамаи ҷангу низоъҳо ва амалисозии ҳадафҳои сулҳҷӯёна зарур шумориданд, ки давлатҳои ҷаҳон муттаҳид шаванд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар мубоҳисаҳои 79-уми Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид барои ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад.
Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол бо саъю кӯшишҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф шуда, кишвари мо дар асоси ҳамин мафҳум бо ҳамаи давлату созмонҳо ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст.
Аз ин лиҳоз, мо боварии комил дорем, ки қабули ташаббуси навбатии Президенти мо таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, барои солҳои 2027-2036” дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати халқҳои ҷаҳон нақши муассир хоҳад гузошт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари сулҳофару ваҳдатсиришт дар ҷомеаи ҷаҳонӣ машҳур буда, ташаббусу иқдомоти онҳо пайваста мавриди дастгирӣ ва ҷонибдорӣ қарор мегирад.
Тавассути қатъномаи мазкур давлатҳои узв уҳдадории муштараки худро ҷиҳати пешбурди сулҳ, муколама ва ҳамбастагии байни наслҳо ҳамчун пояҳои муҳимми таъмини некуаҳволии наслҳои оянда тасдиқ карданд. Дар қатънома ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, иродаи “наҷоти наслҳои оянда аз офати ҷанг” ва уҳдадории ҳалли мусолиматомези баҳсҳо бозтоб ёфтааст.
Ҳадафҳои асосии Даҳсола аз мусоидат ба таҳкими сулҳ, ташвиқи муколама ва мусолиҳа, инчунин дастгирии таомул миёни наслҳо, аз ҷумла кӯдакон, ҷавонон ва пиронсолон, бо назардошти ниёзҳо ва манфиатҳои наслҳои оянда дар таҳияи сиёсат ва равандҳои қабули қарорҳо иборат мебошанд. Қатънома саҳми давлатҳои узв, роҳбарон ва халқҳоеро, ки ба ваҳдати иҷтимоӣ дар таҳкими сулҳ ва ваҳдати миллӣ саҳм гузоштаанд, истиқбол намуда, хотирнишон месозад, ки ин таҷрибаҳои миллӣ ҳамчун манбаи арзишманди илҳомбахшӣ барои наслҳои имрӯза ва оянда хизмат мекунад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти барҷастаи таърихӣ ва тарғибгари сулҳу ваҳдати миллӣ дар саросари ҷаҳон шинохта шуда, саҳмгузор ва ташаббускор дар таҳкими пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии фарҳанги сулҳ мебошанд.
Сулҳ таҷассумгари шодиву нишот, ҳамдигарфаҳмӣ, озодихоҳиву ватандӯстист. Тавре шоири сулҳҷӯву ваҳдатсаро, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода гуфтааст:
Сулҳ дар гул- гул шукуфтанҳои ҷонон кишвар аст,
Дар шуои офтоби толеи баҳру бар аст.
Дар суруди аллаву бедор чашми модарон,
Хоби орому табассумҳои хуррам кӯдакон.
Ҳамин тариқ, ташаббуси ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита аз таҳкими сулҳу субот ва амнияту оромӣ дар минтақа ва ҷаҳон гувоҳӣ медиҳад. Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва сулҳпарваронаи Пешвои миллат мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати кишвари сулҳдӯсту сулҳофар дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баланд гашт ва шинохта шуд. Ин шаҳодати он аст, ки дар ҳақиқат мактаби сулҳофаринии Пешвои миллат дар тақвият ёфтани нақш ва симои мусбати кишвар дар ҷаҳон хело арзишманд мебошад.
Мо, халқи Тоҷикистони соҳибистиқлолро зарур аст, ки ба хотири истиқболи шоистаи қабули ин ташаббус ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна дар ҷаҳон саъю талош варзида, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ваҳдати миллӣ дар тарғибу ташвиқи ғояҳои сулҳу дӯстӣ ва ваҳдати сартосарии халқҳои ҷаҳон саҳмгузор бошем.
Шоҳзод Раҳимзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, унвонҷӯи кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдак