, Душанбе, 20-июл

ҚАБУЛИ ҚАТЪНОМАИ СУЛҲ ВА ПАЁМИ МАСЪУЛИЯТ БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ


ҚАБУЛИ ҚАТЪНОМАИ СУЛҲ ВА ПАЁМИ МАСЪУЛИЯТ БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Дар шароити кунунӣ ҷаҳон бо низоъҳои сиёсӣ, буҳрони амниятӣ, сабқатҳои геополитикӣ ва таҳдидҳои ҷадиди пайиҳам рӯбарӯ гардидааст. Ҳалли масоили марбут ба сулҳ дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон бошад, дигар танҳо ормони инсоният набуда, балки он ба яке аз муҳимтарин шартҳои бақои тамаддуни башарӣ мубаддал гардидааст. Дар чунин фазои мураккабу басо ноороми сайёра Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои таҷрибаи васеи сулҳофаринӣ ва барқарорсозии ваҳдати миллӣ, ҳамбастагии сиёсӣ, боз як иқдоми басо муҳими аҳамияти байналмилалидоштаро пайгирӣ намуда, тибқи ин пешниҳодот бо қабули қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид мавқеи худро ҳамчун давлати ташаббускор ва ҷонибдори суботу осоиштагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ равнақ бахшид.

Ҳамин тавр, санаи 25-уми июни соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иқдоми пешниҳоднамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027-2036» қабул намуд. Ин иқдом ҳамчун ташаббуси шашуми байналмилалии Тоҷикистон дар таҳкими суботи сиёсии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ гардида, ҳадафи он ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таҳкими фарҳанги сулҳофарӣ, густариши муносибатҳо, ҳамбастагии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таъмини шароити зиндагии осоишта барои наслҳои оянда маҳсуб меёбад.

Моҳияти пешниҳод ва қабули ин қатънома аз он иборат мебошад, ки сулҳ танҳо набудани ҷанг нест. Сулҳ бевосита ин фазои эътимод, ҳамкории муштарак, эҳтироми махсус гузоштан ба масъулияти муштараки давлатҳо дар назди инсон ва шаҳрванд маҳсуб меёбад. Иҷрои қатъномаи қабулшуда давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳидро бешак ба тақвияти муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ, муколама бобати таъмини амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи арзишҳои башарӣ дар сатҳи ҷаҳон, ҳамгироӣ ва дастгирии ташаббусҳои сулҳофарӣ даъват менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пешниҳодро на ҳамчун назария, балки ҳамчун таҷрибаи таърихии чандинсолаи худ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод мекунад. Мардуми тоҷик баъди солҳои душвори низоъ роҳи сулҳу оштиро интихоб намуда, тавонистанд давлатдории миллӣ, ваҳдати ҷомеа ва рушди устуворро таъмин намоянд. Аз ҳамин рӯ, ташаббуси мазкур идомаи мантиқии сиёсати хориҷии кишвар ба шумор меравад, ки солҳои охир тавассути пешниҳоди масъалаҳои дорои аҳамияти умумибашарӣ дар минбарҳои байналмилалӣ амалӣ гардидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан низ бо ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ, бахусус дар масъалаҳои обу иқлим ва рушди устувор мавқеи худро назаррас нишон дода буд. Эълони Соли байналмилалии оби тоза, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, Даҳсолаи «Об барои рушди устувор» ва ташаббусҳои марбут ба ҳифзи пиряхҳо нишон медиҳанд, ки сиёсати хориҷии кишвар ба ҳалли масъалаҳои умумии инсоният равона гардидааст.

Қатъномаи нави сулҳ аҳамияти махсус дорад, зеро имрӯз ҷаҳон бештар аз ҳар вақти дигар ба муколама ва таҳкими муносибатҳои байни давлатҳо ниёз дорад. Дар шароити афзоиши ихтилофҳо, таҳдидҳои фаромиллӣ ва коҳиши сатҳи эътимод миёни давлатҳо, пешниҳод намудани чунин ташаббуси сулҳҷӯёна аз ҷониби давлати Тоҷикистон, хоса Роҳбари олии кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат паёми сиёсӣ ва ахлоқии муҳим арзёбӣ карда мешавад. Мебояд тазаккур дод, ки рушди устувор бидуни сулҳ ва сулҳ бидуни ҳамкорӣ, муносибот ва муколама имконнопазир аст.

Убайдуллои Абдусамад, омӯзгори кафедраи математика ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат