,
Сешанбе, 30-июн
(Ба истиқболи ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»)
Сулҳ арзиши волотарин барои зиндагии шоистаи инсон ва рушди устувори ҷомеа мебошад. Дар шароити муосир, ки ҷаҳон бо таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла низоъҳои мусаллаҳона, тағйирёбии иқлим, буҳронҳои иқтисодӣ ва мушкилоти башардӯстона рӯ ба рӯ аст, таҳкими сулҳу амният аҳамияти бештар касб намудааст.
Дар таърихи ҳар миллат саҳифаҳое вуҷуд доранд, ки на танҳо барои ҳамон халқ, балки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳаммияти сарнавиштсоз касб менамоянд. Ин гуна саҳифаҳо аз иродаи қавӣ, тафаккури созанда ва сиёсати дурбинонаи роҳбароне оғоз мешаванд, ки манфиати башариятро болотар аз ҳама арзишҳо қарор медиҳанд.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз чунин роҳи пурифтихорро тай намуда, ҳамчун давлати ташаббускор, сулҳпарвар ва ҷонибдори муколамаи созанда дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардидааст.
Боиси зикру ифтихор аст, ки санаи 25 июни соли 2026 барои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тамоми мардуми тоҷик рӯзи таърихӣ ва хотирмон гардид. Дар ин рӯз Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ҷонибдории давлатҳои аъзои созмон қатъномаи пешниҳоднамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул намуд. Ин рӯйдоди бузург танҳо қабули як санади байналмилалӣ нест. Он бозгӯи эътирофи нақши Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот, арҷгузорӣ ба сиёсати сулҳофарини Пешвои миллат ва эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таҷрибаи нодири тоҷикон дар роҳи барқарорсозии сулҳ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ҷонибдори ҳалли мусолиматомези масъалаҳои байналмилалӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ пайваста ташаббусҳои созандаро пешбарӣ менамояд. Ташаббуси нав - «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027-2036)» идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёна ва башардӯстонаи Тоҷикистон мебошад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҳидояти созандагию бунёдкориаш ифтихори миллат, поягузори сулҳу салоҳ, амният ва меъмори давлати навини тоҷикон гардидааст, ки бо матонату диловарӣ, қаноату баробарӣ ва шуҷоату бобарорӣ тавонист миллати тоҷикро аз вартаи ҳалокат раҳо намояд. Чунин аст ҳамон садоқату бурдбории миллат, ки фарзандони бономусаш баҳри Ватан ҷоннисорӣ менамоянд. Ҳамин аст шуҷоатмандию қаҳрамоние, ки як нафар ба ҳайси Сарвар ҳастии худро ба миллат бахшида, ҳаёту зиндагии худро зери хатар гузошта, мардуми парокандаро сарҷамъ карда тавонист.
Дар ин замина, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовори як қатор ҷоизаҳои сулҳ гардид. Аз ҷумла: Ҷоизаи байналмилалии “Сулҳ-99” (15 октябри соли 1999); Медали тиллоии “Барои таҳкими сулҳу ризоияти байни мардумон” (25 июни соли 2005); Ҷоизаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид “Оид ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола” (23 марти соли 2010); Медал ва шаҳодатномаи Шурои Аврупо - “Пешвои асри ХХI” (17 августи соли 2011); “Нишони фахрӣ”-и сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ (6 августи соли 2021) ва дигар нишонҳо сарфароз гардидааст.
Дар фаъолияти сулҳофарии худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди СММ ташаббуси навбатии ҷониби Тоҷикистонро дар бораи эълон намудани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ироа намуд, ки устувории ин раванд барои тарбия ва рушди наслҳои оянда ва дар фазои сулҳу ороми ҳаёт ба сар бурдани аҳолӣ як иқдоми муҳим ва ҷиддии сиёсӣ мебошад.
Ҳадафи асосии ин даҳсола таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо, рушди муколамаи байни давлатҳо ва тамаддунҳо, эҳтироми ҳуқуқи инсон, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва фароҳам овардани муҳити осоишта барои зиндагии наслҳои имрӯзаву оянда мебошад.
Бояд гуфт, ки ҳар як ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон аз нигоҳи мазмун ва аҳаммияти худ ба арзишҳои умумибашарӣ такя мекунад. Агар солҳои гузашта Тоҷикистон бо ташаббусҳои ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об, ҳифзи пиряхҳо ва рушди устувор таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намуда бошад, имрӯз бо пешниҳоди Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ бори дигар собит сохт, ки сиёсати хориҷии давлати тоҷикон ба ҳифзи сулҳ, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории созанда нигаронида шудааст.
Қабули ин қатънома дар шароите сурат гирифт, ки инсоният яке аз мураккабтарин давраҳои таърихи навини худро паси сар мекунад. Дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон оташи ҷангҳо, низоъҳои мусаллаҳона, амалҳои террористӣ, ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои амниятӣ ҳаёти миллионҳо инсонро зери хатар қарор додаанд. Дар чунин вазъ пешниҳоди ташаббуси нав аз ҷониби Тоҷикистон на танҳо саривақтӣ, балки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад. Зеро сулҳ дигар танҳо ормони як миллат ё як минтақа нест, балки ниёзи умумии тамоми инсоният мебошад.
Маҳз ҳамин андешаи олии инсонпарварона дар меҳвари сиёсати давлатии Пешвои миллат қарор дорад. Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарии давлат сулҳро асоси ҳастии миллат, суботро кафолати рушд ва ваҳдати миллиро сарвати бузургтарини давлат арзёбӣ намуданд. Таҷрибаи зиндагии миллати тоҷик худ гувоҳи он аст, ки арзиши сулҳ танҳо он вақт амиқан дарк мегардад, ки мардум талхии ҷанг ва парокандагиро аз сар гузаронида бошад. Мардуми Тоҷикистон даҳшати ҷанги шаҳрвандиро бо чашми худ диданд.
Ташаббуси мазкур ҷомеаи ҷаҳониро ба муттаҳид сохтани саъю талошҳо баҳри ҳифзи сулҳу субот, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми гуногунрангии фарҳангҳо ва рушди ҳамкориҳои созанда даъват мекунад. Он инчунин метавонад барои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид ва таҳкими амнияти байналмилалӣ саҳми арзанда гузорад.
Таҷрибаи Тоҷикистон дар роҳи барқарорсозии сулҳ ва ваҳдати миллӣ намунаи арзишманд барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамин таҷриба имкон медиҳад, ки кишвари мо имрӯз низ бо ташаббусҳои нав дар роҳи таҳкими сулҳи пойдор ва ҳамбастагии байналмилалӣ саҳми муассир гузорад.
Боварӣ ҳаст, ки Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027-2036) ба густариши фарҳанги сулҳ, таҳкими эътимоди байни халқҳо ва таъмини ояндаи осоиштаи башарият мусоидат намуда, мақому нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор ва сулҳпарвар дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким хоҳад бахшид.
Ҷӯразода Шоҳмурод Ҷӯра, дотсент, декани факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ