, Сешанбе, 30-июн

ФАЛСАФАИ СУЛҲОФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ


ФАЛСАФАИ СУЛҲОФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар фалсафаи сулҳофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар баробари таъсиси давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, марҳилаҳои аввали ислоҳоти соҳаҳои гуногуни мамлакат оғоз гардид, ки ҷавҳари сиёсати давлатӣ дар он ба беҳтар намудани шароити зист ва ба ҷои кор таъмин намудани мардум ва фаъолияти кормандони мухталифи кишвар, ки мақсади асосӣ баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ буд, нигаронида шуд.

Аз рӯзи қабули санади муҳими таърихӣ барои халқи тоҷик – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвари маҳбубамон Тоҷикистон 29 сол сипарӣ гардид, ки бо шарофати он дар Ватани азизамон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ ҳукмфармост. 27 июни соли 1997 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба муносибати имзои Созишнома таъкид намуданд, ки «Воқеияти муҳиме, ки мардуми тоҷик, тамоми шаҳрвандони кишвар, дӯстони мо дар саросари ҷаҳон дер боз интизори он будем, ин ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон буд», ки ин воқеа оғози як марҳалаи нави таърихии давлатдории тоҷикон маҳсуб меёбад. Давоми се даҳсола ҳама он пешниҳоду таъкидҳое, ки аз ҷониби Қаҳрамони миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ дар сатҳи дохилӣ ва чӣ дар сатҳи хориҷӣ доир мегардад, аз ҷониби халқи тоҷик ва ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул ва дастгирӣ ёфта, хуш пазируфта мешавад.

Чуноне дар остонаи таҷлил аз 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ рӯйдоди нави таърихӣ, ки санаи 25 июни соли 2026 дар таърих ба вуқуъ пайваст, қабул гардидани қатънома аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» аз Созмони Милали Муттаҳид буд, ки ин пешниҳод ва қабули қатънома дар сафҳаҳои таърихи ҷаҳон бо хатти заррин нигошта хоҳанд шуд.

Ташаббуси навбатии Қаҳрамони миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит сохт, ки миллати сарбаланди тоҷик ҳамеша миллати Ваҳдатовар, сулҳофар ва донишманду хирадманд буда, хоки зархези тоҷик ҷавонмардони баору нанг ва равшанфикру равшанназарро ҳамеша дар домони покаш мепарварад.

Тоҷикистон пайваста бо пешниҳоду иқдомҳои сатҳи байналмилалии худ дар арсаи байналмилалӣ давлати сулҳпарвар, ваҳдатофар ва дар бартарафсозии ҳалли масъалаҳои глобалӣ фаъол буда, дар ҷаҳон мавқеи устуворро дорост.

Ҳадафи асосии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот, таъмини амният, таҳкими сулҳ ва суботи сиёсии ҷаҳон барои имрӯзиён ва насли оянда мебошад.

Имрӯзҳо, ки шароити ҷаҳони муосир рӯ ба низоъҳо ва таназзул ниҳодааст, ҳадафи асосии пешниҳоди мазкур муттаҳид намудани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри таҳкими сулҳ ва пойдории он, гуфтушунидҳои байни давлатҳои ҷаҳон ҷиҳати созишномаҳои байни тарафайн, пешгирии низоъҳо, таъмини зиндагии шоистаи мардуми сайёра ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии осоиштаи наслҳои оянда мебошад. Қабули даҳсолаи мазкур ҷиҳати тақвияти ҳуқуқу озодиҳои баробар доштани мардуми сайёра мусоидаткунанда буда, барои мо мардуми сарбаланди тоҷик мояи ифтихор ва шарафмандӣ буда, моро водор месозад, ки дар пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи сиёсӣ нақши бузург дошта, сиёсати сулҳофару ваҳдатовари Пешвои миллатамонро дастгирӣ намоем.

Акбарзода Маҳрам – дотсент, мудири кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими онҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат