, Сешанбе, 30-июн

ВАҲДАТ ДАР ДИДИ ҶАВОНОН


ВАҲДАТ ДАР ДИДИ ҶАВОНОН

Дар рӯзҳое, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз дар фазои сулҳу суботи кишвар ва ҳамдигарфаҳмӣ дар қатори дигар ҷашнҳо аз Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамчун яке аз муҳимтарин ҷашнҳои таърихии давлатдории навини худ истиқбол мегиранд, тасмим гирифтем бо гурӯҳе аз донишҷӯёну магистрантони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамсуҳбат шавем.

Дарвоқеъ, Ваҳдати миллӣ барои мардуми Тоҷикистон рамзи сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва сарҷамъии миллат ба ҳисоб меравад. Маҳз бо шарофати ин дастоварди арзишманд барои рушду пешрафти кишвар, таҳкими давлатдорӣ, рушди илму маориф ва фароҳам омадани имкониятҳои васеъ барои ҷавонон заминаи мусоид муҳайё гардид.

Мақсад аз ин суҳбати мо низ бозгӯ намудани андешаҳои ҷавононест, ки имрӯз дар партави сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самараи Ваҳдати миллӣ имкони таҳсил, таҳқиқ, эҷод ва рушди қобилиятҳои худро пайдо намуда, барои ояндаи дурахшони кишвар саҳмгузорӣ мекунанд.

Аз ҳамсуҳбатони худ пурсидем, ки Ваҳдати миллӣ дар диди онҳо чигуна аст, барои онҳо чӣ арзиш дорад, он дар зиндагӣ ва фаъолияти илмиву таҳсилиашон чӣ нақш гузоштааст ва ҷавонон барои ҳифзу таҳкими ин дастоварди бузурги таърихӣ чӣ масъулият доранд.

Рустамзода Мафтуна-донишҷӯи факултети филологияи тоҷик ва журналистика, ғолиби номинатсияи “Адабиёти муосир”-и озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", дар соли 2025 мегӯяд, ки “Барои ҳар як ҷавони тоҷик Ваҳдати миллӣ арзиши бузургест, ки роҳи зиндагӣ, таҳсил ва рушди моро равшан намудааст. Мо-насли соҳибистиқлол дар фазои сулҳу субот ва оромӣ ба воя расида, аз имкониятҳои васеи таҳсил, илмомӯзӣ ва худшиносӣ бархӯрдор ҳастем. Ин ҳама самараи сулҳ, Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ мебошад.

Ҳамчун донишҷӯ ва ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ хуб эҳсос мекунам, ки маҳз дар шароити сулҳу оромӣ ҷавонон метавонанд дониш андӯзанд, истеъдоди худро рушд диҳад ва барои ояндаи давлату миллат саҳмгузор бошанд. Имрӯз баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ, фароҳам овардани имкониятҳои таҳсил, дастгирии ҷавонон ва таваҷҷуҳи пайваста ба илму фарҳанг аз ҷумлаи дастовардҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолӣ мебошанд.

Ваҳдати миллӣ барои мо маънои ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулиятро дорад. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки ҳифзу таҳкими ин неъмати бузург танҳо вазифаи насли калонсол нест, балки рисолати ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Мо бояд бо дониш, ахлоқи ҳамида ва фаъолияти созанда арзишҳои ваҳдатро пос дорем ва барои таҳкими онҳо саҳм гузорем.

Имрӯз, вақте дар донишгоҳҳо таҳсил мекунем, дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок менамоем ва барои ояндаи худ нақшаҳои бузург мекашем, бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки ҳамаи ин имкониятҳо аз фазои сулҳу суботи комил сарчашма мегиранд”.

Давлатов Аҳлиддин-донишҷӯи курси 4-уми факултети география ва иқтисодиёти рақамӣ, иштирокчии як қатор озмунҳои сатҳи баланд ва ғолиби номинатсияи “География”-и озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” дар соли 2025 чунин андеша дорад, ки “Ваҳдати миллӣ ба сифати омили муҳими ҳаётӣ дастоварди беназири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Маҳз ваҳдат заминаи сулҳу субот, пешрафти ҷомеа ва рушди устувори давлатро фароҳам овардааст. Дар фазои орому осуда ҷавонон метавонанд дониш омӯзанд, касбу ҳунар аз худ намоянд ва барои ояндаи Ватан саҳми арзанда гузоранд.

Имрӯз ҷавонони тоҷик аз имкониятҳои фароҳамгардида самаранок истифода намуда, дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг ва варзиш ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд. Дастовардҳои онҳо дар арсаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ далели равшани самараҳои сулҳу ваҳдат мебошанд.

Ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа вазифадоранд арзишҳои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми ҳамдигарро ҳифз намуда, барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ саҳмгузор бошанд. Зеро Ваҳдати миллӣ кафили зиндагии осоишта ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз мебошад.”

Донишҷӯи курси 4-уми факултети физика, математика ва информатика, ғолиби олимпиадаи МТОК аз фанни математика дар соли таҳсили 2025-2026 Некрӯзи Каримхоҷа, андешаи худро чунин баён дошт: “Маҳз ваҳдат заминаи сулҳу субот, пешрафти ҷомеа ва зиндагии осоиштаи мардумро фароҳам овардааст. Ҷавонон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа бояд барои ҳифз ва таҳкими ин неъмати бузург масъулиятшинос бошанд.

Фарҳанги миллӣ яке аз пояҳои асосии ваҳдати ҷомеа мебошад. Забон, адабиёт, таърих ва анъанаҳои миллӣ ҳисси худшиносӣ ва ватандӯстиро дар дили ҷавонон тақвият мебахшанд. Ҳар қадаре ки ҷавонон фарҳанги миллии худро хуб омӯзанд ва эҳтиром намоянд, ҳамон андоза дар таҳкими ваҳдати миллӣ саҳми бештар мегузоранд.

Имрӯз дар шароити ҷаҳонишавӣ ҷавонон бояд аз имкониятҳои муосир самаранок истифода бурда, ҳамзамон арзишҳои миллиро пос доранд. Ба назари ман, китобхонӣ, омӯзиши осори бузургони миллат ва иштирок дар чорабиниҳои фарҳангиву ватандӯстӣ барои баланд бардоштани маърифати ҷавонон ва рушди фарҳанги миллӣ аҳамияти муҳим дорад.

Танҳо ҷавонони донишманд, фарҳангпарвар ва худшинос метавонанд барои рушду ободии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд. Аз ин рӯ, ҳифзи ваҳдати миллӣ ва рушди фарҳанги тоҷикӣ вазифаи муҳимми ҳар як ҷавони ватандӯст мебошад”.

Назримадова Миҷгона, магистранти соли дуюми ихтисоси физика, ғолиби ҷойи якуми озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» дар бахши физика ва муаллифи як қатор ихтироъҳо таъкид менамояд: “Муваффақиятҳое, ки имрӯз дар роҳи илмомӯзӣ ва таҳқиқот ба даст овардаам, натиҷаи имкониятҳое мебошанд, ки дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ фароҳам омадаанд”.

Ба гуфтаи ӯ, агар имрӯз ҷавонон дар фазои орому осуда таҳсил намуда, ба корҳои илмӣ машғул мешаванд ва дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок мекунанд, ин пеш аз ҳама самараи сулҳу субот ва ваҳдати комил мебошад. Маҳз чунин муҳит имконият медиҳад, ки ҷавонон истеъдод ва қобилиятҳои худро муаррифӣ намуда, барои пешрафти давлат саҳмгузор бошанд.

Миҷгона бар ин назар аст, ки дастовардҳои илмӣ ва ихтироъкории ҷавонон натиҷаи таваҷҷуҳи давлат ба соҳаи илму маориф ва фароҳам будани шароити мусоид барои таҳсилу таҳқиқот мебошад. ҳар як ҷавон бояд қадри сулҳу ваҳдатро дониста, бо дониш, навоварӣ ва фаъолияти созанда барои рушди Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузорад.

“Бо ифтихор гуфта метавонам, ки ҳамчун як ҷавондухтари тоҷик ба як қатор дастовардҳо ноил гардидаам ва ҳамаи инро самараи фазои ором, ваҳдати миллӣ ва дастгирии пайвастаи ҷавонон медонам”,-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Ба андешаи Муродов Аюбҷон-ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни МТОК аз фанни сиёсатшиносӣ дар соли таҳсили 2025-2026, “Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи муҳими сиёсӣ ва таърихӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ нақши сарнавиштсоз дорад. Барои мардуми Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи санаҳои муҳим ва тақдирсоз ба ҳисоб меравад. Маҳз бо шарофати ба даст омадани ваҳдат дар кишвар сулҳу субот барқарор гардида, ҷанги шаҳрвандӣ хотима ёфт ва барои рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат заминаи мусоид фароҳам омад”.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, “ҷавонони имрӯза ҳамчун насли даврони соҳибистиқлол аз самараҳои ин неъмати бузург ба пуррагӣ бархӯрдоранд. Имрӯз онҳо дар фазои орому осуда таҳсил намуда, касбу ҳунар меомӯзанд, фаъолияти пурсамар доранд ва барои пешрафту ободии Ватани худ саҳм мегузоранд”.

Аюбҷон бар ин назар аст, ки “ҳифзи ваҳдати миллӣ ва таҳкими арзишҳои сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ вазифаи муҳими ҳар як ҷавон мебошад. Зеро маҳз ваҳдат кафили рушди устувори давлат ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон маҳсуб меёбад”.

Аз муҳтавои андешаҳои ҷавонон бармеояд, ки онҳо аҳамияти Ваҳдати миллиро ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ва заминаи асосии рушди давлату ҷомеа хуб дарк намудаанд. Ҳар яке аз ҳамсуҳбатони мо муваффақиятҳои таҳсилӣ, илмӣ ва эҷодии худро ба фазои сулҳу субот ва имкониятҳое рабт медиҳанд, ки маҳз дар натиҷаи ба даст омадани Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ фароҳам омадаанд.

Воқеан ҳам, Ваҳдати миллӣ барои ҷавонони кишвар на танҳо рамзи сарҷамъиву ҳамдигарфаҳмӣ, балки омили муҳимми ташаккули ҷаҳонбинӣ, рушди истеъдодҳо ва расидан ба ҳадафҳои наҷиб мебошад. Аз ин рӯ, ҳифзу таҳкими ин неъмати бебаҳо вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, бахусус ҷавонон мебошад.

Бигзор Ваҳдати миллӣ ҳамчун рукни устувори давлатдорӣ ва сарчашмаи сулҳу оромӣ ҳамеша пойдор бошад ва ҷавонони кишвар бо дониш, маърифат ва фаъолияти созандаи худ барои рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузоранд.




Ба рӯйхат