, Якшанбе, 22-декабр

ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ШӮРОИ ОЛИМОН

 18.04.2023 234

ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ШӮРОИ ОЛИМОН

Имрӯз дар радифи истиқбол аз таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ толори Шӯрои олимон ифтитоҳ гардид.

Дар рафти ифтитоҳи он ректори донишгоҳ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек ва аҳли раёсат иштирок намуданд. Нахуст ректори донишгоҳ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба хотири ифтитоҳи толори замонавӣ шодбош гуфтанд.

Нахустин маротиба дар ин толор ҷаласаи Раёсати донишгоҳ гузаронида шуд. Зимни суханронӣ профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек қайд намуданд, ки созандагӣ ҳадафи аввалиндараҷаи роҳбарияти донишгоҳ ба шумор рафта, ният дорем, ки ободкориву созандагӣ дар оянда низ идома хоҳад ёфт. Аз ҷумла, зикр карданд: “Кӯшиш мекунем, ки аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳом гирифта, баҳри гул-гулшукуфоии Ватани азизамон камари ҳиммат бандем”.

Зикр гардид, ки ташкили чунин толорҳои зебову барҳаво дар ҳар як факултет ба нақша гирифта шудааст ва зина ба зина ин созандагӣ идома хоҳад ёфт.

Сипас мушовири ректор, дотсент Изатуллоев Куган ва профессор Абдуллоев Маҳмуд низ суханронӣ намуда, ин иқдомро дастгирӣ карданд ва шоёни таҳсин хонданд.




Ба рӯйхат