, Душанбе, 29-июн

ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ШУҲРАТФИЗОИ ВАҲДАТ


ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ШУҲРАТФИЗОИ ВАҲДАТ

«Ваҳдат бузургтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву армони миллат, таҳкими давлат, наҷоти Ватан ва сарнавишти имрӯзу фардои халқ аст».

Ин суханони пурҳикмат ва сарнавиштсоз, ки аз қалби фарзанди содиқи миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо садо додаанд, на танҳо як андешаи сиёсӣ, балки фалсафаи давлатдории навини тоҷикон, рамзи бақои миллат ва чароғи роҳи рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.

Дар таърихи башарият шахсиятҳое кам нестанд, ки давлатҳоро роҳбарӣ намудаанд, аммо на ҳар роҳбар ба мартабаи шахсияти таърихсоз мерасад. Танҳо он нафароне сазовори чунин мақом мегарданд, ки дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз тақдири миллатро ба дӯш гирифта, давлатро аз вартаи нобудӣ ба қуллаи шукуфоӣ расонанд. Барои миллати тоҷик чунин шахсияти барҷаста муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки бо иродаи қавӣ, хиради сиёсӣ ва муҳаббати бекарон ба Ватан Тоҷикистонро аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ наҷот дода, ба кишвари сулҳу субот, ваҳдату созандагӣ ва пешрафту тараққиёт табдил доданд.

Солҳои аввали истиқлолият барои Тоҷикистон солҳои санҷиши сахти таърих буданд. Ҷанги шаҳрвандӣ пояҳои давлатдориро фурӯ мерехт, иқтисодиёт хароб гардида буд, ҳазорон нафар ҷони худро аз даст дода, садҳо ҳазор шаҳрванд муҳоҷир ва гуреза шуданд. Дар чунин вазъи ҳассос моҳи ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон зимоми роҳбарии давлатро ба даст гирифтанд. Он замон кишвар ба роҳбаре ниёз дошт, ки манфиати миллатро аз ҳама болотар гузорад ва барои сулҳу оштӣ ҷони худро дареғ надорад.

Таърих гувоҳ аст, ки Пешвои миллат барои барқарор намудани сулҳ борҳо ба минтақаҳои ноором сафар намуда, бо ҷонибҳои мухталиф мулоқот карданд, ба музокироти душвор ворид шуданд ва барои бозгашти гурезаҳо, таъмини амният ва эҳёи давлатдорӣ тамоми имкониятҳоро сафарбар намуданд.

Ниҳоят, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин рӯйдоди таърихӣ на танҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ нуқта гузошт, балки Тоҷикистонро ба як намунаи нодири сулҳофарӣ дар ҷаҳон табдил дод. Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун мактаби нодири дипломатия, таҳаммулпазирӣ ва хиради сиёсӣ дар доираҳои байналмилалӣ мавриди омӯзиш қарор дорад.

Агар истиқлолият рамзи озодии миллат бошад, пас ваҳдат рамзи бақои он аст. Маҳз сиёсати ваҳдатофаронаи Пешвои миллат тавонист дили мардумро ба ҳам оварад, кинаҳоро аз байн барад ва фарҳанги таҳаммулпазириро дар ҷомеа таҳким бахшад. Имрӯз ваҳдати миллӣ ба неруи бузурги созанда табдил ёфта, ҳамаи дастовардҳои Тоҷикистон - аз пешрафти иқтисодӣ то шукуфоии фарҳангӣ - маҳз бар пояи ҳамин ваҳдат бунёд шудаанд.

Яке аз хизматҳои бузургтарини Пешвои миллат эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ мебошад. Бо ташаббуси ӯ ҷашнҳои бузурги таърихӣ ва фарҳангӣ баргузор гардида, симои воқеии миллати тоҷик ҳамчун яке аз миллатҳои соҳибтамаддуни ҷаҳон муаррифӣ шуд. Таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён, 1150-солагии устод Рӯдакӣ, 1310-солагии Имоми Аъзам, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва даҳҳо ҷашнҳои бузург барои таҳкими ифтихори миллӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд, ки дар пасманзари таҷлил аз ин санаҳои таърихӣ имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бо эҳсоси баланди ватандорӣ аз таърихи пурифтихори миллат ифтихор мекунад.

Ифтихорафзост, ки дар замони истиқлолият мероси фарҳангии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мақоми арзанда пайдо намуд. Бо талошҳои пайгиронаи роҳбарияти давлат як қатор арзишҳои фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарии ЮНЕСКО ворид шуданд. Ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки Тоҷикистон аз ташаббускорони асосии ҷаҳонишавии он мебошад, имрӯз дар бисёр кишварҳои ҷаҳон таҷлил мегардад. Ҳамчунин мусиқии классикии тоҷик - «Шашмақом», санъати «Фалак», фарҳанги абрешимбофӣ, анъанаҳои мардумӣ ва дигар арзишҳои фарҳангӣ ҳамчун ҷузъи мероси тамаддуни башарӣ эътироф шудаанд. Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон дар пайи ибтикороти пайвастаи роҳбари дурандешу фарҳангпарвари хеш имрӯз на танҳо ҳомии фарҳанги миллӣ, балки муаррифгари арзишҳои тамаддуни башарӣ низ мебошад.

Маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ, бо шарофати сулҳу субот Тоҷикистон ба майдони бузурги бунёдкорӣ табдил ёфт. Дар тамоми гӯшаву канори кишвар роҳҳои замонавӣ, нақбҳо, пулҳо, неругоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои тандурустӣ, майдонҳои варзишӣ ва иншооти фарҳангию маишӣ қомат афрохтанд. Роҳи Душанбе - Чанок, нақбҳои Истиқлол ва Шаҳристон, неругоҳи Роғун ва садҳо иншооти бузурги дигар намунаҳои равшани сиёсати созандаи Пешвои миллат мебошанд, ки тавассути онҳо, имрӯз Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо гардида, ба кишвари воҳиди дорои инфрасохтори муосир табдил ёфтааст.

Пешвои миллат, ки китобро сарчашмаи хирад ва кафили рушди миллат медонанд, озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат», «Тоҷикон - оинаи таърихи миллат», «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат», «Шоҳномахонӣ» ва дигар озмунҳои ҷумҳуриявии илмӣ, фарҳангӣ ва эҷодиро ба ҳаракати бузурги фарҳангиву маърифатӣ табдил доданд. Ин иқдомҳо таваҷҷуҳи ҷомеаро ба мутолиа, донишандӯзӣ, таҳқиқоти илмӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ ба маротиб афзоиш доданд. Имрӯз дар Тоҷикистон насли нави донишмандон, олимон ва эҷодкорон ба камол мерасад, ки меваи ҳамин сиёсати фарҳангпарварона мебошад.

Мусаллам аст, ки дар ҷаҳони муосир пешрафти давлатҳо аз сатҳи дониш ва технология вобаста аст. Маҳз бо дарки ин воқеият Пешвои миллат рушди илм, инноватсия ва технологияҳои рақамиро яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ қарор доданд. Эълон гардидани солҳои рушди деҳот, саноат, иқтисоди рақамӣ ва инноватсия, инчунин таваҷҷуҳи хоса ба зеҳни сунъӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ Тоҷикистонро ба марҳилаи нави рушд ворид менамояд.

Сиёсати хирадмандонаи нуфузафзо, хидматҳои шоиставу бесобиқаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки ӯро дар Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун пешвои ташаббускори масъалаҳои об ва рушди устувор муаррифӣ намудааст, аз авҷи шуҳрату шони ин фарзонафарзанди миллат гувоҳ аст. Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаҳои об, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ якдилона дастгирӣ гардидаанд, садҳо миллион сокинони сайёраро ба ҳалли масъалаҳои оби ошомиданӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист ҷалб намуда, Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун яке аз сиёсатмадорони пешсафи масъалаҳои экологӣ ва гуманитарӣ эътироф гардидааст.

Дар замони пуртаззод ва хатарзои ҷаҳонишавӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат Тоҷикистон сиёсати хориҷии мутавозин ва «дарҳои боз»-ро пеш гирифта, имрӯз кишвари мо ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузорад ва бо аксари давлатҳои ҷаҳон муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро роҳандозӣ намудааст.

Дар тӯли беш аз се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон роҳи пуршарафи рушду созандагиро тай намуда, ба дастовардҳое ноил гардид, ки имрӯз мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар мебошанд. Дар меҳвари ин комёбиҳо симои сиёсатмадори барҷаста, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, ки бо хиради давлатдорӣ, иродаи устувор ва садоқати бепоён ба манфиатҳои миллӣ роҳи пешрафти давлатро муайян ва раҳнамун сохт.

Самараи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат имрӯз дар ҳар гӯшаи Тоҷикистони азиз падидор аст. Ҳар роҳи обод, ҳар пули муҳташам, ҳар муассисаи таълимӣ, ҳар маркази тандурустӣ, ҳар неругоҳи азим ва ҳар дастоварди илмиву фарҳангӣ бозгӯи тадбирҳои оқилона ва дурбинонаи он шахсияти таърихсоз мебошанд, ки зиндагии мардумро бо фазои созандагӣ ва рушди пайваста ҳамоҳанг гардонидааст.

Оре! Пешвои маҳбуби миллат тавонист бо шуҳратфизоӣ ин дастоварди беназири замони соҳибистиқлолӣ, сулҳу ваҳдатро ба фарҳанги зиндагии ҷомеа, ба рукни устувори давлатдорӣ ва ба сарчашмаи пешрафту шукуфоии кишвар табдил диҳад. Имрӯз ваҳдати миллӣ на танҳо дастоварди сиёсӣ, балки арзиши муқаддасе мебошад, ки мардумро ба сӯи ҳадафҳои бузурги созандагӣ раҳнамун месозад.

Солҳо сипарӣ мешаванд. Ҳар замоне, ки таърих саҳифаҳои дурахшони даврони навини давлатдории тоҷиконро варақ мезанад, исми мубораки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори ваҳдат, ҳомии арзишҳои миллӣ, раҳнамои рушди устувор ва бунёдгузори Тоҷикистони муосир бо эҳтироми хоса пеши назар ҷилвагар хоҳад буд. Зеро худи Эмомалӣ Раҳмон ҳадяи беназир дар тақдири миллати тоҷик аст, ки бо ташаббусҳои сулҳпарварона ва андешаҳои башардӯстонаи худ дар арсаи байналмилалӣ низ ҳамчун шахсияти сулҳофар шинохта шуда, барои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкорӣ ва ҳамзистии осоишта миёни халқҳо саҳми арзанда дорад.

Ва то даме ки хуршеди истиқлол бар осмони Тоҷикистон нурпошӣ мекунад, афкору пайкори созанда, хиради давлатдорӣ ва хизматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ситораи роҳнамои ваҳдату пешрафт дар фазои маънавии миллат ҷовидона хоҳад дурахшид.

Шарофат Худойдодова, дотсенти кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ




Ба рӯйхат